Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
ни Ҳакимро кушоянд. Зиндонро кушода диданд, ки духтарча хокистар шудаасту худи Луқмони Ҳаким ба мурдан наздик аст. Афлотун устодашро ба хонааш бурда, чанд рӯз табобат кард, бемор сиҳат шуд.
Баъд одамони подшоҳ омада, Луқмони Ҳакимро гирифта бурданд. Луқмони Ҳаким аз подшоҳ пурсид:
— Фарзанд доред?
— Як писар дорам, — ҷавоб дод подшоҳ.
— Писаратонро сар бурида, хунашро хӯред, сиҳат мешавад, илоҷи дигар нест.
Подшоҳ фикр кард: «Яккаю ягона писар дорам, ҳамонро ҳам кушам, чӣ мешавад? Биё, худам мураму писарам зинда бошад».
Се-чор рӯз гузашт, дарди подшоҳ торафт сахттар шуд. Вай гуфт:
— Хайр, писарамро биёреду сарашро бибуред!
Бачаро оварда, бо фармони Луқмони Ҳаким дар пеши чашми подшоҳ дасту пояшро бастанд, дар мобайн парда кашида, ба пушти парда гузаронданд.
— Акнун гӯсфандро биёред, — гуфт оҳиста Луқмони Ҳаким ба гӯши одамони подшоҳ.
Як гӯсфандро оварда, пойҳояшро баста, ба гулӯяш корд монда буданд, ки гӯсфанд «фах» гуфта овоз баровард. Ҳамин вақт подшоҳ:
— Воҳ, писарам! — гуфта фарёд зада буд, ки устухон аз гулӯяш парида рафт.
— Пардаро кушоед, ман мурдаи писарамро бинам, — гуфт подшоҳ.
Пардаро бардоштанд, подшоҳ дид, ки писараш сиҳат асту як гӯсфанд кушта шудааст.
Луқмони Ҳаким ҳодисаро ба подшоҳ нақл кард. Подшоҳ ба Луқмони Ҳаким таҳсин хонда гуфт:
— Лаънат ба касе, ки ҳамин гуна одами донишмандро зиндонӣ кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё