Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Луқмони Ҳаким подшоҳро аз марг наҷот дод

Мегӯянд, ки як замоне ва дар як маконе подшоҳе зиндагӣ мекард. Рӯзе дар вақти хӯрдани моҳибирён ба гулӯи подшоҳ як устухон банд мешавад. Дарбориён ҳар қадар кӯшиш мекунанд, устухонро аз гулӯи подшоҳ гирифта наметавонанд. Баъд ба хотирашон Луқмони Ҳаким мерасад ва ба хулосае меоянд, ки аз ӯҳдаи ин кор фақат ӯ мебарояд. Он вақт Луқмони Ҳаким дар зиндон буд. Подшоҳ амр медиҳад, ки Луқмони Ҳакимро аз зиндон гирифта биёранд. Одамони подшоҳ рафта, дари зиндонро мекушоянд, ки Луқмони Ҳаким мегӯяд:

— Дар чил соли дар ин ҷо буданам, чашмонам ба торикӣ одат кардаанд, худам ҳам заифу беқувват шудаам. Агар ин хел яку якбора маро ба пеши подшоҳ бурдан хоҳед, то он ҷо нарасида дар нимаи роҳ мемурам. Барои он ки ин кор ба хубӣ анҷом ёбад, шумо аз даҳани дари зиндон то берун се қабат парда кашед, ки пеши равшаниро то ҳадде гирифта бошад. Баъд дар атрофи гулҳавзи боғи шоҳӣ чил духтари бокираро шионеду маро аз зиндон бароварда назди онҳо баред. Духтарҳо маро дар бағалашон гирифта, ин тарафу он тарафи боғро тамошо диҳанд. Баъд аз он, ки андаке ба худ омадам, метавонед маро ба пеши подшоҳ баред.

Ҳамаи ин шартҳо ба ҷо оварда мешаванд. Сипас Луқмони Ҳакимро ба назди подшоҳ мебаранд. Ҳаким мебинад, ки аҳволи подшоҳ бисёр бад аст. Ӯ ба рӯи подшоҳ нигоҳ карда мегӯяд:

— Давои дарди шумо хуни гарми писаратон аст. Писаратонро мекушему хунашро ба гулӯи шумо мемолем, ба зудӣ сиҳат мешавад.

Подшоҳ дар ғам меафтад ва розӣ намешавад.

— Аз куштани писарам худам мурам, беҳтар аст, — мегӯяд ӯ ба Ҳаким.

пешина
аз 125
навбатӣ