Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Саранҷом дард авҷ мегирад, подшоҳ тоқат карда натавониста, «ҷони худам ширин аст» мегӯяду фармон медиҳад, ки писарашро кушанд. Ҳаким аввал бо одамони подшоҳ машварат мекунад. Баъд подшоҳро ба як хонаи торик дароварда, пешашро бо парда мегирад. Ӯ бачаро оварда ба подшоҳ як нишон медиҳаду баъд ба замин мехобонад. Дар ҳамин лаҳза ӯ ба подшоҳ мегӯяд:
— Эй подшоҳ, писаратро ҳоло мекушам, хунашро ба гулӯят мемолам, мабодо дилат насӯзад?!
Подшоҳ ноилоҷ чизе намегӯяд.
Бо амри Ҳаким одамони подшоҳ як гӯсфандро оварда буданд. Ҳаким ба одамон ишора мекунад, ки сари гӯсфандро буранд.
Фарзанд ширин аст. Ҳамин ки овози фаххоси хун ба гӯши подшоҳ мерасад, ӯ «воҳ, бачам» мегӯяду беҳуш мешавад. Ҳамин вақт устухон аз гулӯи подшоҳ парида меафтад. Ҳаким подшоҳро ба ҳуш оварда, мегӯяд:
— Натарсед, бинед, бачаатон зиндаву саломат аст. Ин як усули табобати шумо буд, ки ман ба кор бурдам.
Подшоҳ хурсанд шуда, ба Луқмони Ҳаким инъоми бисёр медиҳад.

пешина
аз 125
навбатӣ