Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
ДАР БОРАИ ҶАВОНМАРДИИ ҲОТАМ
Ҷавонмардии Ҳотам
Душманони Ҳотам давлаташро забт карда мегиранду худи Ҳотам гурехта, ба ғоре паноҳ ҷуста, мебинад, ки дар кунҷи ғор зане бо чор бачаи луччаку гуруснааш нишастааст. Аз пасаш мӯйсафеде медарояд. Ҳотам дар як кунҷи ғор пинҳон мешавад.
Зану бачаҳо мӯйсафедро дида, баробар аз ӯ мепурсанд:
— Боз дасти холӣ омадед? Мо чӣ мехӯрем?
Мӯйсафед ба онҳо мегӯяд, ки аввал гапи навро пурсед. Ҳотамро душманонаш зери у забар кардаанд, худи Ҳотам гурехтааст, сардори душманонаш эълон кардааст, ки ҳар кас Ҳотамро дошта биёрад, ҳазор тилло мегирад.
Одамҳо ба кофтукови Ҳотам банд буданд, ҳезуми маро ҳеҷ кас нахарид, барои ҳамин дасти холӣ омадам. Агар толеам метофту Ҳотамро меёфтаам, пеши ҳамон сардор бурда, ҳазор тилло мегирифтаму аз қашшоқӣ халос мешудам.
Ин гапро Ҳотам шунида, салом гуфта, ба пеши мӯйсафед баромад.
Мӯйсафед алек гирифту гуфт:
— Биё, эй меҳмони нек, лекин чизе надорем, ки туро меҳмон кунем.
Ҳотам гуфт:
— Ман гапи шуморо шунидам. Ҳамон Ҳотами гуфта-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё