Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ҳотами Той ман ҳастам, хезеду дасту пои маро баста, ба пеши сардори душманонам баред.
Мӯйсафед ин гапро шунида, ҳайрон шуда ба ҷавонмардии Ҳотам қоил шуда гуфт:
— Дасти ман бурида бод, ки ҳамчунин ҷавонмардро бо дасти худ бурда, ба дасти душман супорам!
Ҳотам гуфт:
— Агар набаред, ман рафта хабар медиҳам, ки ҳамин одам маро дар хонааш пинҳон кард, шуморо ба қатл мерасонанд.
Мӯйсафед ноилоҷ дасти Ҳотамро баста пешандоз карда бурд. Дар роҳ одами бисёр аз пайи Ҳотам омада, даъво карданд, ки Ҳотамро онҳо доштаанд. Сардор намедонад, ки ба кадоми онҳо бовар кунад. Баъд рости гапро аз худи Ҳотам мепурсад.
Ҳотам гуфт:
— Маро ана ин мӯйсафед дошта овард.
Мӯйсафед воқеаи шуда ва ба ихтиёри худаш омадани Ҳотамро гуфта дод. Сардор ба мӯйсафед ҳазор тилло доду ба ҷавонмардии Ҳотам қоил шуда, ӯро озод кард.
Ҳотам ҳамаи иззату обрӯро аз паси ҷавонмардияш ёфтааст.
Подшоҳро қоил кардани Ҳотами Той
Подшоҳи як мамлакат мехостааст, ки ӯро мардум одами босаховату дасткушод гӯянд. Одамон ҳам ба дили подшоҳ рафта, ба ҳар як кори ӯ «Ҷаноби олӣ, Ҳотами Той барин кор кардед» ё «Қоратон кори ҳотамона шуд» мегуфтаанд. Дар аввалҳо подшоҳ аз шунидани ин суханҳо курта-курта гӯшт мегирифтааст ва агар мавридашро ёбад, ҳатто ба ашхосе, ки ин суханҳоро ба забон меовардаанд, инъомҳо медодааст. Вале рафта-рафта ин гапҳо ба подшоҳ сахт таъсир мекарданд. Вай дигар намехостааст, ки ӯро бо Ҳотами Той баробар кунанд. «То ба кай маро бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё