Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ҳотам баробар мекунанд? Охир, ман подшоҳи як мамлакат бошам, ин қадар мардумро хӯронаму пӯшонам, наход, ки баробари Ҳотам бошам? Худи Ҳотам кӣ аст? Як одами бекора аст. Қасам мехӯрам, ки то ҳамин Ҳотамро несту нобуд карда, номашро аз олам набардорам, аз камари падарам нашудаам» – гуфтааст подшоҳ рӯзе дар дилаш.

Баъд аз ин ӯ аз пайи нобуд кардани Ҳотам афтодааст. Бо ин мақсад як одами айёрро ба пешаш хоста, гуфтааст:
– Ту ба шаҳре, ки Ҳотами Той зиндагонӣ мекунад, рафта, ӯро дар куҷое, ки бошад, ёфта мекунию сарашро ба назди ман гирифта меорӣ ва ба ивази ин хизматат аз ман даҳ ҳазор тилло мегирӣ!

Ин одам шартро қабул карда, дар ҷустуҷӯи Ҳотам шудааст. Аммо ӯ ҷои Ҳотамро намедонистааст ва дар ҷустуҷӯи вай саргардониҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. Ниҳоят дар як поси шаб ба шаҳре даромада дари ҳавлиеро так-так задааст. Мӯйсафеде ба назди дар омада, салом-алек кардаасту бе ҳеҷ гуна пурсу пос «марҳамат, дароед!» – гуфта, ӯро ба даруни ҳавлӣ даъват кардааст. Баъд мӯйсафед ин одамро ба як хонаи орою торастуда даровада ва болои кӯрпачаи заррин шинонда, бо таомҳои лазизу бомазза меҳмондорӣ кардааст. Пас аз хӯрдани таом мӯйсафед ва меҳмон дуру дароз сӯҳбат кардаанд. Ҳангоми сӯҳбат меҳмон гуфтааст:

– Ман Ҳотами Тойро ҷустуҷӯ мекунам. Подшоҳи мамлакатамон барои сари ӯ ба ман даҳ ҳазор тилло ваъда кардааст.

Мӯйсафед:
– Бисёр хуб, шумо ба шаҳри Ҳотами Той наздик шудед, иншооллоҳ, ба мақсадатон мерасед. Ҳотами Тойро куштану сарашро ба подшоҳи мамлакататон бурдан кори чандон душвор нест, ҳоло дар ин ҷо баҳузур роҳат кунед, дам гиред, – гуфта берун баромадааст. Қарибиҳои нимаи шаб будааст, ки ӯ бо ду чӯра сару либоси қиматбаҳо ва даҳ

пешина
аз 125
навбатӣ