Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ҳазор тиллоро ба назди меҳмон оварда монда, гуфтааст:
– Таксир, ҳамон одами ҷустуҷӯ карда гаштаатон ман ҳастам. Ҳамин ҳоло завҷаам, фарзандонам ва дигар наздиконам ҳама дар хобанд. Бо истифода аз фурсат ба зудӣ сарамро аз танам ҷудо карда, ба подшоҳотон бареду ҳамон даҳ ҳазор тиллоро соҳиб шавед. Охир, шумо ба умед аз ин қадар роҳи дур ба ин ҷо омалед, мехоҳам, ки ноумед барнагардед. Мана, ман тайёрам, сар занед!
Ҳотами Той дар назди меҳмон сарашро хам карда, гарданашро ба дами шамшер дошта истодааст. Меҳмон Ҳотами Той будани мӯйсафедро фаҳмида, худашро дар пеши пои ӯ партофта, ба зорию тавалло даромадааст:
– Падари бузургвор! Маро бубахшед! Ман дар назди шумо гунаҳкорам, тавба кардам! Шумо маро зинда ба зинда куштед! Акнун донистам, ки гап дар куҷо будааст. Қурбони шумо шавам, узри маро қабул кунед!
Ҳотами Той меҳмонро аз замин бардошта ва дилашро таскин бахшида, ба иззату эҳтиром аз хонааш бароварда гусел кардааст.
Марди айёр ба ватан баргашта, ба подшоҳи мамлакаташ тамоми воқеаи дидаю шунидаашро нақл кардааст. Подшоҳ баъди шунидани нақли ӯ ба саховатмандию одамгарии Ҳотами Той қоил шудааст ва то охири умр дар амри саховату сабру эҳсон ҳеҷ гоҳ худашро бо Ҳотами Той баробар накардааст.
Одами сахитарин
Дар сӯҳбате подшоҳ аз Ҳотами Той пурсидааст:
– Киро медонед, ки саховати ӯ ба одамон аз саховати шумо зиёдтар аст?
Ҳотами Той андаке фикр карда, гуфтааст:
– Ин хел одам ҳаст, ман худам вайро дидаам, ҳоло гӯш кунед, ки дар бораи ӯ ба шумо нақл намоям:
Шабе ман дар як деҳа маҷбуран мондаму дар хонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё