Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

ДАР БОРАИ НОМГУЗОРИИ МАҲАЛҲО, КӮҲҲО, САНГҲО ВА...

Шаҳри дунома

Шаҳри Истаравшанро Истравшан ҳам мегӯянд. Нақл мекунанд, ки дар замонҳои қадим подшоҳе будаасту духтаре доштааст ороставу зебо. Замоне духтар бемор шуда, аз ҳамаи гӯшаю канори мамлакат табибҳо омада, ӯро нигоҳубину дорую дармон кардаанд, вале натиҷае надодааст.

Подшоҳ чӣ кор карданашро надониста, ғам мехӯрдату торафт харобу афгор мешудааст. Дар ҳамон мамлакат як пирамарди доно будааст, аҳволи подшоҳро дида, маслиҳат додааст, ки духтарашро ба сайру тамошои олам барорад, ба ҷойҳои хушбоду ҳаво барад, шояд аз тамошои оламу аз таъсири обу ҳавои форам дилаш кушода шуда, сиҳат шавад.

Подшоҳ маслиҳати он пири доноро гирифта, духтарашро ба тамошои дунё бурдааст. Рафтаанд, рафтаанд, ба шаҳре расидаанд, ки дар байни ду теппаи баланд, ки яке Муғ ном доштаасту дигаре Тал, ҷой гирифта будааст. Шаҳр, ки саросар обшору чашмасор, боғзору гулзор, ҳавои фораму ҷонафзо будааст, ба духтар маъқул шудааст.

Ин ҷо дилам равшан шуд, — гуфтааст духтар, — ҳамин меистем. Одамҳо ин гапро шунавида:

— Ҳа, дар шаҳри мо истӣ, дилат равшан мешавад, шаҳри мо Истаравшан аст, гуфтаанд.

пешина
аз 125
навбатӣ