Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Баъд ҳама Истаравшан, Истаравшан гуфтан гирифтаанд.

Духтари подшоҳ дар ин шаҳр сиҳату саломат шуда, ба кишвараш баргаштааст ва ба туфайли ин шаҳри Истаравшан ба номи дуюм соҳиб гардидааст.

Роҳи Мирбача

Аз деҳаи Найи Зирак то деҳаи Чанори болои ноҳияи Норак роҳе меравад, ки Мирбача ном дорад. Ин роҳ, ки аз паҳлуи кӯҳу қатортеппаҳо мегузарад, дар аввалҳо бисёр борик буд. Мусофирон аз думи хар дошта, онро бо сад азоб тай мекарданд.

Рӯзе писари мири Балҷувон бо нияти зиёрати мири Ҳисор роҳ пеш гирифта, ба деҳаи Найи Зирак мерасаду аз он ҷо ба деҳаи Чанори Боло равон мешавад. Вақте ки аз ин деҳа мегузашт, чашмаш ногоҳ ба зани париваше меафтаду дилаш меларзад. Мефармояд, ки занро ба пешаш оваранд.

— Ман ба ту, эй зани нозанин, ошиқи зор шудам, — мегӯяд писари мир, — туро ба занӣ мегирам!

Зан дар ҷавоб мегӯяд, ки:

— Ба шарте ба ту мерасам, ки марди паҳлавон буданатро исбот кунӣ.

— Чӣ тавр? — мепурсад писари мир.

Зан мегӯяд:

— Қувваи бозуятро ба кор меандозию роҳи Найи Зиракро то Чанори Боло васеъ мекунӣ, то ки мардум азоб накашида, рафтуо кунанд.

Писари мир қабул мекунаду мардумро бо зарби калтак ба кор андохта, аз саҳар то шаб кор фармуда, хоҳиши занро иҷро менамояд. Баъди анҷоми сохтмони роҳ занро пеши худ хонда, дар ҳолате, ки болои ҳафт қабат кӯрпача по ба таг кашида нишаста буд, ба зан мегӯяд:

— Шартат иҷро шуд, акнун чӣ мегӯӣ?

пешина
аз 125
навбатӣ