Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Иҷро нашуд! — мегӯяд зан, — ман гуфта будам, ки худи ту қувваи бозуятро ба кор андохта, роҳ месозӣ, вале ту ба ҷои бозуят аскаронатро истифода бурда, ба мардум зулм карда, ин корро анҷом додӣ. Ман орзу доштам ба ҷавони паҳлавони ободгаре мерасам, вале дар шахси ту ҷавони нетисморгарро дидам.

Писари мир ин гапро шунида, ҳайрон шуду чӣ гуфтаниашро надониста, аз деҳа баромада рафт. Бо вуҷуди ин роҳи байни ду деҳа роҳи Мирбача номида шуд ва то имрӯз ҳамин хел меноманд он роҳро.

Ҳуснобод

Мегӯянд, ки дар замонҳои пеш як подшоҳ буд. Ин подшоҳ як эшони калон15 дошт, ки бе маслиҳати ӯ як қадам берун намемонд. Эшон аз одамони подшоҳ чил мурид дошт. Ҳар вақт, ки эшон ба кӯча мебаромад, муридҳо пеш-пеш ба зери пояш хишти пухта монда мерафтанд, то ки эшон ба замин пой намонад.

Подшоҳ як вазир ҳам дошт, ки бисёр шахси доно буд. Як шаб ба ҳавлии вазир дузд даромад. Вазир оҳиста дид, ки дузд ҳамон эшони таърифӣ бо муридҳояш аст. Пагоҳӣ вазир рафта, ба подшоҳ арз кард:

Эй подшоҳи олам, эшонатон дузд будааст, имшаб хонаи маро ғорат кард.

Подшоҳ аз ин хабар дар ғазаб шуда, дар ҳаққи вазир ҳукми куш16 баровард. Баъди адои ҳукм подшоҳ зану духтари вазирро аз шаҳр бадарға кард. Зани вазир Шаҳрбону ва духтараш Ҳуснобону ном доштанд. Одамони подшоҳ Шаҳрбоную Ҳуснобонуро ба як ҷӯли биёбон бурда партофтанд. Вақте ки модару духтар сарсону ҳайрон дар ҷӯли бегӣх мегаштанд, як шаб Ҳуснобону хоб дид, ки дар зери

15 Калон — ин ҷо ба маънои донанда, варзида, таълимёфта ва амсоли инҳо омадааст.
16 Ҳукми куш — ҳукми эъдом, ҳукми қатл.

пешина
аз 125
навбатӣ