Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Як дарахт санге воқеъ асту дар таги санг ду кӯза тилло пинҳон мебошанд. Духтар хурсанд шуда, аз хоб хесту ба модараш ин хобро гуфт. Онҳо «шояд ин хоб рост барояд» гӯён ба ҷустуҷӯи дарахт рафтанд.
Чанд рӯз дар роҳ мерафтанд, ки аз пешашон як дарахт баромад. Диданд, ки дар зери дарахт як санг ҳам ҳаст. Модару духтар як навъ карда, сангро бардошта, зери онро кофта буданд, ки дар воқеъ ду кӯза пайдо шуд. Тиллоҳоро гирифтанду рафта устою мардикор киро карданд ва дар як ҷо як шаҳри ободу зебо сохтанд. Номи шаҳрро ба номи духтар Ҳуснобод монданд.
Сохтмони иморатҳои шаҳр тамом шуда буд, ки Ҳусбону либоси мардона пӯшида, ба тарафи шаҳри падараш рафт. Ба он шаҳр расида, рост ба пеши подшоҳ даромад. Подшоҳ пурсид:
— Эй писар, аз куҷо омадай?
Ҳусбону гуфт:
— Эй подшоҳи рӯи замин, ман писари фалон подшоҳ мебошам, бо падарам ҷанг карда, ин тарафҳо омадам.
Подшоҳ гуфт:
— Эй писар, мехоҳӣ, ки ягон ҳавлӣ ба ту диҳаму он ҷо зиндагӣ карда гардӣ?
Ҳусбону илтимос кард, ки:
— Ман аввал шаҳри шуморо як тамошо кунам, кадом ҳавлӣ писандам ояд, ҳамонро аз шумо талаб мекунам.
Баъд Ҳусбону шаҳрро давр зада омаду ба подшоҳ гуфт:
— Ҳавлии ҳамон вазирро, ки кушта будед, ба ман диҳед.
Подшоҳ розӣ шуд. Духтар ҳавлиро тармим карда, модарашро ҳам овард.
Як рӯз Ҳусбону бо модараш маслиҳат карда, ҳамон эшонро ба меҳмонӣ даъват карданӣ шуд. Эшонро ба зиёфат хабар карду худаш ба пеши подшоҳ рафта гуфт:
— Ба ман ҳамин шаб чил нафар аскар диҳед, ки эҳтиёҷи зиёд дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё