Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Подшоҳ не нагуфта, ба Ҳуснбону аскар дод. Духтар ба аскарҳо фаҳмонд, ки:
Имшаб ба хонаи ман дузд меояд, лекин шумо ба дузд даст нарасонед, вақте ман фармон додам, баъд ҳамаашонро дастгир мекунед.
Эшон ба хонаи духтар меҳмон шуда, зиёфатро хӯрду шабҳангом бо сил нафар муридаш хонаро зер кард. Дузд акнун ҳама бори хонаро баста буданд, ки духтар ба аскарҳо фармон дод, то аз камин баромада, дуздҳоро доранд. Аскарҳо эшонро бо муридонаш дастгир карданд.
Духтар саҳар ба назди подшоҳ даромада, ӯро аз воқеа огоҳ сохт. Подшоҳ хашмгин шуда, ба духтар дод зад:
Ту ҳам ба эшони ман тӯҳмат мекунӣ, вай ин корро намекунад, ман туро ҳам барои ин тӯҳматат ба пеши бадаргашудагон мефиристам!
Ҳуснбону гуфт:
Эй подшоҳи аъзам, ман эшони шуморо бо муридҳояш дастгир кардам, ҳамаашонро дар хона қулф карда омадам, агар бовар накунед, худатон рафта бинед.
Подшоҳ омада дид, ки эшони таърифиаш дасту по бастагӣ бо чизҳои дуздидааш дар хонаи духтар хоб аст. Вай баъд аз ин аз гуфтаҳои худ пушаймон шуда, аз куштани вазири донояш ва бадарға кардани зану фарзанди ӯ афсус хӯрд.
Духтар телпакро1 аз сар гирифта, худро ба подшоҳ шиносонд ва тамоми саргузашташро ҳикоя кард. Подшоҳ низ иззо кашиду2 ба Ҳуснбону гуфт:
Ман ба ту қоил шудам, акнун ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, ман аз ту чизеро дареғ намедорам.
Духтар гуфт:
Ба ман ҳеҷ чиз даркор нест, ман дар шаҳри шумо рӯз ҳам зиндагӣ намекунам, ба шаҳри худ меравам.
1 Телпак — кулоҳи пашмини зимистона.
2 Иззо кашидан — дар хиҷолат мондан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё