Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ман як шаҳр сохтаам, ки аз шаҳри шумо барин подшоҳон сад бор ободтар аст.
Подшоҳ гуфт:
– Эй, ман акнун донистам, ки Ҳуснободро ту сохтаӣ!
Ҳусбону ба шаҳри худ рафт ва ҳамроҳи модараш бо хушу хурсандона зиндагӣ ба сар бурд.
Ин Ҳуснобод, ки дар поёни Панҷрӯд, дар назди Кулолӣ19 ҳаст, ҳамон Ҳуснобод аст.
Санги Даврон
Дар Ғарм Даврон ном шахсе будааст. Вай фарзанд надоштааст. Барои он ки аз дунё бе ному нишон наравад, як ҳарсанги калони лӯламонандро бо сад азобу машаққат ба қуллаи кӯҳ бароварда, рост карда шинонда мондааст. Ҳар сол офтоб, ки ба ҳамон санг расид, соли Нав сар мешудааст. Мардум дар сари санги Даврон нури офтобро дида, Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд: таомҳои ҷашнӣ мепухтаанд, рақсу бозӣ мекардаанд, суруду тарона мехондаанд ва Давронро ба некӣ ёд менамудаанд.
Санги Чилдухтарон
Поёнтар аз деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент дар сарроҳ санги бузурге ҳаст. Онро Санги Чилдухтарон ва оҷоро Бобои Валӣ меноманд.
Нақл мекунанд, ки як замоне лашкари хунхори душман ба деҳа ҳуҷум мекунад. Куштану талаву тороҷ кардани мол ва бо худ бурдани чизу чора ва духтарони зебо одати душман будааст. Он рӯз чил духтари зебо, ки дар гирди ҳамон санг машғули сурудхониву рақсу бозӣ буданд, хабари ҳуҷуми душманро шунида, ба осмон рӯ овардаю даст ба дуо боло бардошта, илтиҷо кардаанд:
– Худое, худовандо, коре кун, ки мо зери санг бошем.
19 Панҷрӯд ва Кулолӣ – деҳаҳои воқеъ дар ноҳияи Панҷакентанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё