Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ба дасти душманон наафтем, ки раҳме надоранду нангу номуси моро ғорат мекунанд, шармандаву нопок мешавем мо.
Ҳамин вақт санг боло шудаасту зераш ғоре намудор гардидааст. Духтарон, якто намонда, ба ғор даромада рафтаанд. Сипас санг боз дар ҷои худ қарор гирифтааст.
Душманҳо омада, сангро пора карда, духтаронро аз ғор берун оварданӣ мешаванд, вале ҳарчанд зӯр мезананд, сангро на ҷунбонда метавонанду на пора карда.
Аз ҳамон вақт номи ин санги калони ноҷунбонро «Санги Чилдухтарон» мегӯянд.
Искандар ва Чилдухтарон
Искандар ҷанг карда, ҷанг карда, ба ҷойҳои мо меояду чил духтарро асир мегирад. Мехоҳад, ки ин духтарҳоро ба мамлакати худаш барад. Вақти рафтан андаке роҳ нагашта, шаб мешавад, шаб ҳамин ҷо мемонад, духтарҳо рӯ ба осмон илтиҷо карда мегӯянд, ки онҳоро санги ватанашон кунаду аз дасти душман халос шаванд. Духтарҳо дар ҷон ҷамъшудаашон ба санг мубаддал мешаванд.
Саҳарӣ Искандар мехезаду мебинад, ки ҳамаи духтарҳо санг гаштаанд. Аввал ҳайрон мешавад, фикр мекунаду баъд қаҳ-қаҳ зада механдад ва як табарро гирифта, аз як сар ҳайкали духтарҳоро задан мегирад.
— Ман зиндаи шуморо бурда натавонистам, мурдаҳотонро мебарам! — мегӯяд.
Лекин ҳарчанд мекунад, сангҳоро аз ҷояшон ҷунбонда наметавонад. Дар қаҳр мешавад, ҳайрон мешавад, ки чӣ кор кунад. Дар ҳамин вақт аз кӯҳҳо қаҳ-қаҳи ханда мебарояд.
Искандар дар ғазаб мешавад «ман то ин мамлакатро ба хок яксон накунам, намемонам!» гуфта қасам мехӯрад. Лекин ҳарчанд мекунад, ба мақсадаш намерасад.
Аз ҳамон вақт одамон ин кӯҳро «Кӯҳи Чилдухтарон» меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё