Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Кӯҳи Ломиён

Дар деҳаи Имом (дар Бадахшон) кӯҳеро Ломиён мегӯянд. Кӯҳ аз дур хеле аҷоиб менамояд. Дувоздаҳ ранг — сурх, кабуд, сабз, ҷигарӣ, зард ва ғайра дорад он кӯҳ. Аз ин кӯҳ ҳафт чашмаи мусаффо ҷорианд. Онҳо дар поёни кӯҳ бо ҳам пайваста, як рӯди бузургро ташкил медиҳанд. Ривоят ҳаст, ки гӯё Имом Муҳаммади Боқир дар ҳамин кӯҳ аз душман пинҳон шудааст.

То солҳои наздик сокинони деҳаҳои атроф, агар ягон мушкиле ба онҳо рух медод, рӯяшонро ҷониби он кӯҳ гардонида, ба Худо илтиҷо мекарданд, ки мушкилашонро осон гардонад.

Дар рӯзҳои баҳор ва тобистон оби рӯд сангҳои ҳархеларо ба поён меоварад ва мардум ин сангҳоро барои табобати баъзе касалиҳо истифода мебаранд. Агар касеро пояш дард ё варам кунад, сангро ба об тар карда, ба ҷои дард ё варам мегузоранд. Ва ё агар синаи зане дард кунад, вай ҳам аз ин санг истифода мекунад. Истифодаи сангҳои ин рӯд дар мавриди табобати касалиҳо имрӯз ҳам давом дорад.

Кӯҳи Шӯх

Дар деҳаи Равнови ноҳияи Қалъаи Хумб як кӯҳи баланд ҳаст, ки Ҳазрати Шоҳ ном дорад. Ба он кӯҳ ҳеҷ кас баромада наметавонад. Аз ду тарафаш ду дарё ҷорианд, оби дарёҳо гаҳе сурх мешаваду гаҳе сап-сафеду соф мисли оина. Аз он кӯҳ ҳар замон садо мебарояд. Одамони таҳҷой медонанд, ки ин садои кӯҳи Ҳазрати Шоҳ аст. Одамони навомада гумон мекунанд, ки ин садо садои пир аст. Ин садо мардумро гӯё аз хатар огоҳ мекунад: аз заминҷунбӣ, омадани селу тарма. Одамҳои доно садои кӯҳро, ки шуниданд, тӯшаву талқони худро гирифта, ба деҳаи ҳамсоя мегузаранду ҷонашонро халос мекунанд.

пешина
аз 125
навбатӣ