Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Ин кӯҳ тиллозор аст, вале тилло гоҳе берун меояду гоҳе боз ғайб мезанад, гӯё бо ин кораш бо одамон шӯхӣ мекунад. Барои ҳамин одамҳо он кӯҳро Кӯҳи Шӯх ҳам мегӯянд. Ҳамин, ки тилло рӯӣ мезанад, ҳар каси дидагӣ тозон ба кӯҳ мебарояду онро чида мегирад. Вале кӯҳ боз шӯхӣ мекунад: тилло дар кафҳои одамон ба ангишт табдил меёбад. Аммо на дар кафи ҳар кас. Агар кас дилу нияти пок дошта бошаду даст ба фиребу найрангу ҳаромкорӣ назада бошад, соҳиби каф-каф тилло мешавад. Кӯҳи Шӯх бо ӯ шӯхӣ намекунад.

Кӯҳи Сандук

Аз Норак болотар як кӯҳ ҳаст, Кӯҳи Сандук мегӯянд. Дар бораи номи Сандукро ба худ гирифтани ин кӯҳ мардум ривояте мегӯянд, ки он ин тавр аст:

Дар давраҳои қадим як деҳқони камбағал будааст. Вай аз молу давлати дунё фақат як писар доштааст. Писарашро бисёр дӯст медоштааст. Вақте ки пир шудаасту аҷал ба дари хонааш омада, ҷонашро гирифтанӣ шудааст, деҳқон писарашро ба наздаш ҷеғ зада, гуфтааст:

  • Ту фарзанди яктояму ягонаи ман ҳастӣ. Як умр мехостам, ки дар зиндагиам ягон чиз ҷамъ кунаму пеш аз мурдан ба ту мерос монам. Аммо ҳарчанд кардам, ба мақсади худ расида натавонистам. Ҳоло ман мемураму ҳанӯз ҳам кадом чизи нақде надорам, ки онро ба ту бидиҳам. Акнун ман ба ту як ҳикоят мекунам, ба ман ин ҳикоятро падарам - бобои ту гуфта буд, ӯ ҳам аз бобояш шунида будааст онро. Зинҳор, ки ин ҳикоятро ҳаргиз фаромӯш накунӣ: Нораки ҳозира як вақтҳо як шаҳри ободу зебо будааст. Ҳама чиз фаровон, сериию пурӣ. Ҳар як норакӣ чандин дари кушода доштаасту ба мусофирону раҳгуза-

20 Ҷеғ зада – хостан, даъват кардан.
21 Мондан – гузоштан.

пешина
аз 125
навбатӣ