Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Рон ошу нон медодааст. Мардумаш тинҷ22 ва хушбахт будаанд. Овозаи Норак монандӣ ҳозира, ба рӯи ҷаҳон рафта будааст. Ин овоза ба гӯши подшоҳи як мамлакати дурман низ расидааст. Вай подшоҳ аз рӯи ҳасад аз тифли ҳафт сола то пири ҳафтодсола лашкар ҷамъ карда, ба Норак ҳуҷум овардааст. Байни норакиҳою аскарҳои душман ҷанги сахт23 шудааст. Дар ин ҷанг қувваи душман зӯр оварӣ кардааст. Мардуми Норак як сандуқи калон сохта, тамоми зару тиллоҳояшонро ба даруни он андохтаанд ва сандуқро қулф карда, калидашро ба дарёи Вахш24 партофтаанд. Худи сандуқро ба болои як кӯҳ бароварда монда, анду дуо кардаанд, ки ба санг мубаддал гардад. Сандуқ бо ҳамаи тангаю тиллоҳояш ба санг табдил ёфтааст. Ба ҳамин муносибат номи кӯҳро Кӯҳи Сандук мондаанд. Душман ба Норак даромада, ҳеҷ чиз наёфтааст, ки хӯрад. Аскари бисёри душман аз гуруснагӣ мурдаанд. Аскарони боқимондаи душманро мардум зада-зада пеш кардаанду Норакро аз дасти бегонагон озод намудаанд. Лекин калиди сандуқ дар зери оби дарёи Вахш мондааст. Чун паҳлавонҳо дар ҷанг мурдаанд, ҳеҷ касе ёфт нашудааст, ки калидро аз таги дарё гирифта, сандуқро кушояду тангаю тиллоҳоро ба соҳибонашон баргардонад. Асрҳои зиёде гузашта бошад ҳам, то ҳол касе он сандуқро кушода натавонистааст.
Кӯҳи Аждар
Ҳо ба он кӯҳ назар кунед: як махлуқи бузурги бадҳайбату даҳшатангез пеши чашматон меояд. Кӯҳи Аждар меноманд он кӯҳро.
Замоне дар водии Қаротегин кӯҳ барин аждаҳое пайдо шуда, шиками гафсу вазнини худро ба замин молида
22 Тинҷ – орому осуда.
23 Ҷанги сахт – ҷанги шадид.
24 Дарёи Вахш – яке аз калонтарин шоҳобҳои дарёи Ому дар ҷануби Тоҷикистон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё