Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Аз деҳаи Гарм ба сӯи деҳаи Лойоба равон шудааст. Ҳар ки нодоре дар сари роҳаш пеш ояд, хоҳ вай одам бошад, хоҳ рамаи гӯсфанд ва хоҳ подаи гов бошаду хоҳ галаи асп, ҳамаро ба дамаш мекашидааст.

Замини баҳодурхез будааст Гарм, вале баҳодуронаш яке аз паси дигаре ба ҷанги аждар рафта, коре карда натавонистаанд. Як пирамарди хирадманди кордон ба аждар наздик шуда бо имою ишора аз он пурсидааст, ки чӣ мекунаду чӣ талаб дорад. Аждар наъра кашидааст. Пирамард мақсади онро фаҳмида пеши ҳамдиёронаш омада, гуфтааст: «Аждар мехоҳад, ки мо, агар зинда мондану осуда зиндагӣ кардан хоҳем, бояд, ки ба вай ҳар рӯз як гӯсфанди фарбеҳи думбакалону як духтари соҳибҷамоли моҳталъатро пешкаш кунем».

Баъди ин ҳар рӯз як гӯсфанду як духтари нозанинро пеши аждар мефиристодаанд. Аждар онҳоро фурӯ мебурдасту то рӯзи дигар ором мехобидааст.

Дар Гарм як оҳангар зиндагӣ мекардааст, паҳлавон будааст ӯ мисли Коваи шӯришгар, духтаре доштааст як рӯи офтобу як рӯи моҳтоб. Дӯст медоштааст духтарашро аз дилу ҷон. «Навбат ба духтари ман ҳам мерасад, чӣ кор кунам, ки фарзанди азизам хӯроки аждар нашавад?! – фикр кардааст ӯ. Хуб фикр кардаасту чанд шабу чанд рӯз зӯр зада як ҳанҷари тези обдор сохтааст, ки ба пӯлод занӣ, ду пора мекардааст.

Билохира, навбати духтари оҳангар расидааст. Оҳангари паҳлавону кордон либоси духтарашро пӯшидаву худро вуҷуд оро дода, як гӯсфанди думбакалонро пеш андохта, пеши аждар рафтааст ва ҳамин ки аждар дам канидааст, дами шамшерро ба сӯйи даҳани вай рост кардааст. Шамшери тези обдор даҳани калони аждарро аз ду тараф пора карда, дарун рафтан гирифтааст, баробари аз гулӯяш гузаштани ҳанҷар аждари мисли кӯҳи бузург таппӣ афтодасту мурдааст.

Лойоба — деҳа аст дар ноҳияи Гарм.

пешина
аз 125
навбатӣ