Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ҷасади аждар санг баста кӯҳ шудааст, ба ҳамин сабаб ин кӯҳро Кӯҳи Аждар номидаанд.
Кӯҳи Чилдухтарон
Чӯпоне буд, молашро ба доманаи кӯҳе ронд, ки Кӯҳи Чилдухтарон ном дошт. Чӯпон ба кӯҳ зеҳн монду зери харобии санги бузург даричае дид. Ҳайрон шуду даричаро кушоду ба дарун даромад, он ҷо лаълпораи бузурге барқ мезад ва баҳри тӯда-тӯда ҷавоҳирот ва ҳар гуна ҳайкалчаҳои тиллоранг рӯ рӯро дида, ҳайрон шуду аз ҳуш рафт. Ба ҳуш омада, худашро дар иҳотаи духтарони яке аз дигаре зеботар диду мафтун шуда, чӣ гуфтанашро надонист.
Паридухтарон буданд он ҳама. Гуфтанд:
— Акнун ту ба ҷое намеравӣ, ҳамин ҷо мемонӣ!
Пурсид:
— Барои чӣ шумо намехоҳед, ки ман аз ин ҷо берун равам?
Гуфтанд:
— Мо намехоҳем, ки сирамон берун барояд. Одамон, агар донанд, ки мо ин ҷо манзил гузидаем, меоянду ана он лаълу ҷавоҳироту ҳайкалчаҳо – ҳар чӣ дорем, ба яғмо мебаранд ва манзили моро помол мекунанду тороҷ. Мо одати одамонро медонем: ба харобкориҳо майл доранд, онҳо барои ба даст овардани сарват ба куштор даст мезананд, аз ҳеҷ кори бад рӯ наметобанд.
— Гапатон дуруст, – гуфт чӯпон, – маро ҷавоб диҳед, ин сирро ба касе намегӯям.
— Агар гӯй, песу шал мешавӣ, – гуфтанд париҳо.
Баъд бо ҳамин шарт чӯпонро ҷавоб доданд. Вай аз ёҳои кӯҳ баромаду молашро ҳай карда, ба деҳа фаромад. Ҳамдеҳагонаш сабаби дер карданашро пурсиданд.
— Ман аҷоиботе дидам, лекин ваъда додам, ки ба касе намегӯям, агар гӯям, песу шал мешавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё