Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ҳамдеҳагонаш бисёр хоҳиш карданд, чӯпон дидаашро ошкор накард.
Чанд рӯз гузашт. Чӯпон бетоқат шудан гирифт: он гаҳи бузургу тӯда-тӯда ҷавохироту ҳайкалчаҳои тилло аз пеши чашмаш намерафт. Тоқаташ ток шуду як пагоҳӣ ба сари чашма рафт, худаш ба худаш нақл кард:
Як замон ман ба саҳрои Тӯраи Боло мол ронда рафтам, баъд ба ёнаи кӯҳ баромада, он ҷо даричае дидам. Кушода даромадам, — хулоса ҳар чӣ дида буд, нақл кард. «Девор муш дораду муш гӯш» мегӯянд, ин гап ба гӯши духтари кӯзабадасте расид, ки барои об омада, чӯпонро дар лаби чашма дида, худро ба паси харсанге гирифта буд.
Духтар тозон ба деҳа рафту ҳар чӣ аз забони чӯпон шунида буд, гуфта дод. Деҳа ба ҳаракат омад, хурду калон каланду белу теша гирифта, ба сӯи кӯҳи Тӯраи Боло давиданд, даричаро ёфта, ҳамдигарро тела дода, ба дарун даромаданд. Даромаданду чил паридухтари сангбастаю як санги бузургу тӯда-тӯда сангпораю ҳайкалчаҳои сангинро диданд. Ҳар чӣ он ҷо буд, ба санг табдил ёфта буд.
Пӯсти бадани чӯпон пес ва ду пояш шал шуда, аз лаби чашма хеста натавонист ва дар бақияи умраш рӯзи нек надид.
Кӯҳи Мирдӯст
Мирдӯст номи як паҳлавони зӯроваре будааст. Вай чандин сол пеш аз ин баъди захмӣ шуданаш дар ҷангҳои шадид бо душманон озими кӯҳи Ровадин гардида, оғӯни ҳамин кӯҳро паногоҳи доимии худ қарор додааст. Мегӯянд, ки ӯ ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст. Рӯзҳо худашро ба касе нишон намедодааст. Аммо шабҳо аспашро бо як даст бардошта, аз кӯҳ поён мефаровардасту аз чашма об дода, боз ба ҷои худ бармегаштааст. Аз ин ҷост, ки мардум имрӯз кӯҳи Ровадинро бо номи кӯҳи Мирдӯст ёд мекунанд.
26 Ровадин — кӯхест дар водии дарёи Шинги ноҳияи Панҷакент.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё