Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Шутурсанг
Дар яйлоқи Ямг (дар Бадахшон) як санги сафеди калон аст, ки онро санги шутур мегӯянд. Ин санг воқеан ба шутур бисёр монанд аст. Дар байни мардуми Бадахшон ривояте ҳаст, ки гӯё замоне саййиде бо шутураш ба яйлоқ рафтаасту пас аз муддате аз дасти шутури худ ба ҳалокат расидааст. Одамон шутурбонро ҷустуҷӯ карда, ба яйлоқ омадаанд ва дидаанд, ки шутур бо амри худо ба санг табдил ёфтаасту соҳиби шутур мурдааст.
Аз ҳамон рӯз он сангро шутурсанг номидаанд.
Сангтӯда
Дар байни роҳи Қӯрғонтеппаю Норак сангтеппае ҳаст. Таърихи пайдошавии ин теппачаро ин хел нақл мекунанд:
– Як вақтҳо ин заминҳои подшоҳ буд. Подшоҳи ин мамлакат ба подшоҳи соҳиби ҳамин заминҳо ҷанг эълон мекунад. Ин подшоҳ аз ҳафтсола то ҳафтодсоларо даъват карда, аскари бисёр ҷамъ мекунаду ба ҷанг рафтани мешавад ва ба аскарон фармон медиҳад, ки аз лаби дарё яктоӣ санг бигиранду ба роҳ дароянд.
Ҳамаи аскарҳо яктоӣ санг мегиранду ба роҳ медароянд. Роҳ гашта, роҳ гашта ба ҳамин ҷои сангҳо, ки омадаанд, подшоҳ мегӯяд:
– Ҳамаатон сангҳоятонро ба як ҷо тӯда кунед.
Ҳамаи аскарҳо, ки сангҳояшонро ба як ҷо мерезанд, сангтеппаи баланде ҳосил мешавад.
Баъд ҳамаашон ба ҷанг мераванд. Аз ҷанг ғалаба карда бармегарданд. Подшоҳ ин дафъа фармон медиҳад, ки ҳар кас санги худашро бардорад. Аскарҳо сангҳои худро мегиранд. Аммо нисфи санг мемонад. Маълум мешавад, ки нисфи аскарҳо дар ҷанг нобуд шудаанд.
Баъд ҳама менишинанд, дар ҳаққи аскарҳои мурда дуо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё