Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
мекунанд ва номи он ҷоро ба хотири аскарҳои мурда Сангтӯда мемонанд. Бо ҳамин ин ҷоро ҳоло ҳам Сангтӯда мегӯянд. Ин сангҳо аз ҳамон давра нишона монда будааст.
Деҳаи Навард
Ривояте ҳаст, ки яке аз деҳаҳои атрофи кӯли Искандар дар замони Искандари Зулқарнайн ном гирифтааст. Халқи ин ҷо хурду калон, зану мард баромада, ба муқобили лашкари Искандар набард кардаанду тобеъ нашудаанд. Аз ҳамон вақт сар карда номи ин деҳа Навард шудааст.
Бурси васса
Як кас дар замони қадим ба таги кӯҳи Чилдухтарон барои ҳезум меравад. Як бурси бисёр рости нағзро мебинад. Фикр мекунад, ки аз ин бурс вассаҳои нағз сохтан мумкин аст. Бо ҳамин андеша ӯ бурсро ба андозаи як метрӣ бурида, дар як ҷо сарчин27 мекунад, баъд ҳезум гирифта, ба хонааш меояд.
Пагоҳӣ чор-панҷ хар ёфта, боз ба таги кӯҳи Чилдухтарон меравад. Пеши бурс рафта, мебинад, ки бурси буридаи сарчинкардааш дарахт шуда қад рост кардааст. Ин воқеаро дида ҳайрон мешавад ва худ ба худ мегӯяд: «Ман дирӯз ин бурсро бурида, дар ин ҷо сарчин карда монда будаму чӣ хел ин боз дарахт шудааст?»
Чанд лаҳза ин ҳодисаро тамошо мекунад. Мехоҳад, ки дарахтро дубора бурида, ба харҳо бор карда, ба хонааш барад. Ҳамин ки табар ба даст гирифта, болои бурс баромаданӣ мешавад, аз кӯҳ садо мебарояд:
— Эй бадбахт, ба ин дарахтони боғи мо даст нарасон, ки бо тамоми элу авлодат28 несту нобуд шуда меравӣ!
Мард аз шунидани ин садо бисёр метарсад. Вай бо
27 Сарчин кардан – таҳ кардан, тартибу танзим намудан.
28 Элу авлод – хешу табор ва ақрабо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё