Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Харҳои холӣ29 ба хонааш бармегардад. Ба хона омада, воқеаи дидаашро ба зану бачаҳояш нақл мекунад ва пас аз чанд рӯз аз тарсу ваҳми ин воқеа касал шуда, аз олам чашм мепӯшад.
«Амондара»30 чанд дара дорад?»
Мире, ки Амондара дар таҳти фармони ӯ буд, ба одамони худ мефармояд, ки чанд дара доштани деҳаи Амондараро фаҳмида биёянд. Агар дуруст шуморида биёянд, мукофот мегиранд. Ва агар ғалат шуморанд, ба қатл мерасанд.
Дафъаи аввал ду кас омада, як ҳафта саргардон мешаванд, аммо ҳисоби дақиқи дараҳоро намеёбанд. Вақте ки назди мир мераванд, мир онҳоро ба қатл месупорад. Дафъаи дуюм низ кор ба ҳамин минвол анҷом мепазирад. Дафъаи сеюм ду нафар омада, ба кӯҳ мебароянд, Онҳо шабҳангом ба хонаи хирс меоянд. Азбаски ҷой тангӣ мекард, онҳо яке сар боло ва дигаре сар поён хоб мекунанд.
Хирс омада мебинад, ки дар хонааш касе хобидааст, ба ӯ ҳамла карданӣ мешавад, вале боз мебинад, ки ин одам боз сари дигаре дорад, тааҷҷуб карда, худ ба худ ба андеша меравад: «Агар ба як сараш ҳамла кунам, ӯ бо сари дигараш кори маро мекунад». Бинобар ин хирс тарсида мегӯяд:
— Амондараро сесаду шасту шаш дара, аммо надидам одами дусара.
Он ду кас ин гапро аз хирс шунида, ба назди мир омада гуфтанд ва аз ӯ инъомҳо гирифтанд.
Остони Гесӯи балогардон
Ин остон дар Бадахшон дар сари роҳи деҳаҳои Зонг ва Зигванд воқеъ аст. Нақл мекунанд, ки як вақтҳо дар
29 Холӣ – яъне бе бор.
30 Амондара – деҳаест дар ноҳияи Панҷакент.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё