Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Як ҳафтаи расо шикорчӣ дар ҳамин ҷо мемонад. Баъд ба ҷустуҷӯи шикорчӣ аз деҳа одамон меоянд. Аз байни онҳо низ як кас омада, назди чашма нишаста, аз он об менӯшад ва ӯро ҳам ҳамон замон хоб мебарад. Пас аз ин одамон мефаҳманд, ки оби чашма хобовар будааст. Барои ҳамин он чашмаро «Чашмаи оби хобовар» мегуфтаанд.
Хоҷаи Гулибодом
Мегӯянд, ки дар Теғаи Кофирҳо32 як кофир Мулло Муҳаммадюсуф ном шахсеро ҳангоми адои намози пешин мепарронад. Ҷасади Мулло Муҳаммадюсуфро дар ҷои кушта шудааш мегӯронанд ва атрофи қабрашро девор мекунанд. Аз хуни марҳум дар болои мазораш дарахти бодом сабз мешавад. Баъди ин ба он мазор «Хоҷаи Гулибодом» ном медиҳанд, ки имрӯз он ҷо зиёратгоҳи мардум аст.
Мазори Хоҷаҳаркорон
Маллахон ном шахсе ба Болу ном шайхи хонақоннишин чандин сол хизмат кард ва рӯзе ба диёраш баргаштанӣ шуда, аз шайх рухсат ва фотиҳа хост. Шайх ба ивази хизматаш ба Маллахон як хари пири кӯр дод.
Маллахон: «Ба ҳаминаш ҳам шукр, пирам маркаби хосаи худро ба фақир бахшиданд» – гӯён ба роҳ баромад.
Чанд манзил гузашт, бегоҳӣ ба лаби чашмае расид, он ҷо шабро рӯз карданӣ шуд. Саҳар аз хоб бедор шуда дид, ки хар мурдааст.
Маллахон дар сари чашма чуқурие канду ҳарро гӯр кард. Раҳгузаре гӯрро дида:
– Киро гӯр кардаед? – гуфта пурсид. Забони Маллахон ба «хар» гуфтан нарафту «гӯри як азиз» гуфта монд.
Раҳгузар ин гапро шунида, ба сари қабр нишаст.
32 Теғаи Кофирҳо – теғаи кӯҳест дар рӯ ба рӯи деҳаи Порути ноҳияи Варзоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё