Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Як сура аз Қуръон хонда омин гуфт. Маллахон ин кори ӯро дида, ба ходае порчаи латтаи сафед басту ходаро ба қабри хар халонид, худаш дар лаби чашма нишаста, дуо хонда тасбеҳ гардонидан гирифт. Дере нагузашта корвониҳо ба ин ҷо расида, «ин ҷо авлиё дафн шуда будааст» — гӯён ба Маллахон назру ниёз дода рафтанд. Ҳамин хел, бисёр роҳгузарҳо қабрро зиёрат карда, ба Маллахон назр медоданд.
Маллахон ёру диёру хешу таборро аз ёд бароварда, болои қабри хари кӯр мақбараи боҳашамате бунёд кард ва дар болои дараш «марқади авлиёи замон, имоми мусулмонони Хоҷаҳарқорон» навишт. Дере нагузашта мақбара машҳур шуд ва овозаи он ба гӯши шайх Болу расид. Ӯ азми зиёрати «марқади авлиёи замон» карда, роҳ пеш гирифт ва омада дид, ки муридаш Маллахон дар сари мазор тасбеҳ гардонида нишастааст. Маллахон пирашро пешвоз гирифта, обу зиёфат дод. Баъд шайх пурсид:
— Ин ҷо мазор набуд, аз куҷо пайдо шуд? Маллахон ноилоҷ асли воқеаро нақл карда дод.
Шайх Болу табассум карду гуфт:
— Парво накун, дар мазоре, ки ман шайхи он ҳастам, модари ҳамин хар хок шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё