Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
ДАР БОРАИ СИМОҲО ВА ҚАҲРАМОНОНИ АСОТИРИ
Дуборакуш
Ривоят мекунанд, ки пирамарде Рустамро дар сари мурдаи Сӯҳроб, ки худ кушта буд, гирёну нолон дида мегӯяд:
– Агар писаратро чил шабу чил рӯз сари даст бардошта гардӣ, зинда мешавад.
Рустам маслиҳати пирамардро гирифта, Сӯҳробро сию нӯҳ шабу сию нӯҳ рӯз бардошта гашту ба лаби ҷӯй расид. Дид, ки кампире намади сиёҳро ба об андохта, ба собун шуста истодааст. Рустам гуфт:
– Эй кампир, оё намади сиёҳ ба шустан сафед мешавад?
– Оё бо бардошта гаштан мурда зинда мешавад?! – гуфт кампир. Ин кампир ҷосуси Кайковус буд ва аз тарафи ӯ ба назди Рустам фиристода шуда буд: коре кунад, ки Сӯҳроб зинда нашавад.
Рустам гапи кампирро шунида, фиғон бароварду писарашро ба рӯи замин монд. Ҳамин вақт Сӯҳроб чашмони нашро кушода:
– Оҳ, падарҷон, маро дуборакуш кардӣ! – гуфту гашта чашмонашро пӯшиду мурд.
Рустам хатояшро фаҳмида, кампирро пора-пора кард, лекин чӣ суд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё