Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
ДАР БОРАИ ПАЙҒАМБАРОН
Некиро бадӣ мукофот
Рӯзе Ҳазрати Муҳаммади пайғамбар (с) дар роҳ мерафтанд, ки назарашон ба як мор меафтад. Мебинанд, ки мор бо суръати тез ба тарафи он кас хазида меояду аз ақибаш онро як лаклак таъқиб мекунад. Мор ба пеши Ҳазрати Муҳаммад (с) наздик омада, зорӣ менамояд, ки он кас ба вай кӯмак расонанд. Пайғамбар (с) ба мор раҳм карда, остини ҷомаашонро ба он наздик медоранд. Мор ба даруни остини он кас медарояду пинҳон мешавад. Лаклак, ки морро гум мекунад, аз Ҳазрати Муҳаммади пайғамбар (с) мепурсад:
— Морро надидед?
— Ана, ҳо ба он тараф рафт, — ҷавоб медиҳанд ҳазрати пайғамбар.
Лаклак ба ҳамон тараф меравад. Муҳаммад (с) ба мор мегӯянд.
— Акнун баро!
— Не, ҷавоб медиҳад мор, — то заҳр назанам, намебароям.
Мор ба дасти пайғамбар заҳр мезанад. Он кас заҳри морро аз дасташон макида мегиранду баъд ба замин туф мекунанд ва хатари маргро аз худашон дур месозанд.
Мегӯянд, ки тамокуе, ки имрӯз мардум мекашанд, аз оби даҳони заҳролуди ҳазрати пайғамбар (с) пайдо шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё