Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Албатта рост омадани ривоят дар бораи мурғони рӯҳи Рустаму Таҳмина ва Сӯҳроб бо нақли муаллифи «Бурҳони қотеъ» нисбат ба парандае, ки онро «сурхоб»-аш меноманд, воқеаи тасодуфист, валекин дар ин ривояту дар он маълумоти фарҳангӣ орзуи ширину гуворои дерини халқ ниҳон аст. Онҳо аз дасти ҳосидону бадтинатон ҳалок шудани қаҳрамони дӯстдоштаашон Сӯҳроб ва аз майдони ҳарбу зарби зиндагӣ баромада рафтани Рустам ва дар доғи фарзанди азиз ҷон додани Таҳминаро ҳаргиз фаромӯш накардаанд. Аз ин рӯ, халқи мо тараннуми висоли ин қаҳрамонони наҷибашро ба дил парварда, бо унвони рӯди Сурхоб дар хотир нақш бастааст. Онҳо эътиқод доранд, ки то даме оби Сурхоб ҷорист ва то даме ин кӯҳу пушта барҷост, навиди висолу тараннуми ишқро Сурхобу Қақнус баҷо меоваранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё