Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
ва таърифу тавсифи ғуломи ӯ ба гӯши подшоҳи мамлакат мерасад. Подшоҳ мефармояд, ки Луқмони Ҳакимро бо ғуломаш ба назди ӯ гирифта биёранд. Одамони подшоҳ ба бозори ғуломфурӯшӣ рафта, Луқмони Ҳакимро бо ғуломаш ба назди подшоҳ гирифта меоранд. Подшоҳ аз Луқмони Ҳаким мепурсад:
— Нархи ғуломат чанд пул?
— Сад танга, — ҷавоб медиҳад Луқмони Ҳаким.
— Чаро ин қадар қимат? — мепурсад подшоҳ.
— Чунки ғуломи ман кори сад нафар ғуломро иҷро мекунад, — мегӯяд дар ҷавоб Луқмони Ҳаким.
Подшоҳ ғуломро ба сад танга мехарад, вале намефаҳмад, ки ғуломфурӯш Луқмони Ҳаким асту худи ғулом Ҳазрати Алӣ (а).
Баъд Луқмони Ҳаким бо пули аз фурӯхтани ғулом ба даст овардааш қарзашро медиҳаду бо зану фарзандонаш оромона зиндагӣ ба сар мебарад.
Подшоҳ пас аз чанд рӯз ғуломашро ба назди худ хоста, мегӯяд:
— Ман чил нафар паҳлавони зӯровар дорам. Ту бо ҳар кадоми онҳо якка ба якка гӯштин мегирӣ, то ман бовар ҳосил кунам, ки воқеан ҳам ту ба сад танга меарзӣ.
Ғулом мегӯяд:
— Ман ба ин кор омодаам, ҷаноби олӣ!
Подшоҳ эълон мекунад, ки пагоҳ дар майдони арки шоҳӣ гӯштин мешавад ва дар ин мусобиқа ғуломи зархариди подшоҳ ва чил нафар паҳлавони зӯровари ӯ қувваозмоӣ мекунанд.
Мардум ин эълонро шунида, дар ҳайрат мемонанд ва мегӯянд: «Вай ғулом чӣ одаме будааст, ки бо паҳлавонони подшоҳ гӯштин гирифтааст? Охир, ҳар яке он паҳлавон дарахти азимро аз решааш меканаду ин ғуломи бечора бо вай баробар шуда метавонад магар? Чунон занандаш, ки устухонҳояш майда-майда шаванд!»
Рӯзи дигар - рӯзи гӯштингирӣ фаро мерасад. Аз шаҳ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё