Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Подшоҳ низ аз ин ҳодисаи ғайричашмдошт бисёр хурсанд мешавад.

Хулоса, ҳамон рӯз ғулом чил нафар паҳлавонро дар гӯштингирӣ ноком месозад ва пайваста мавриди таҳсину офарини тамошобинон қарор мегирад. Аз ин ғалабаи ғулом вазир ҳасад бурда, ба подшоҳ мегӯяд:

— Ҳазратам! Шумо барои худ ғулом нахарида, балки бало харидед! Рӯзе мерасад, ки ӯ ба саратон бало мешавад!

Аммо подшоҳ ба суханони вазир эътибор намедиҳад ва худро тавре вонамуд менамояд, ки гӯё ҳеҷ чизро нашунида бошад.

Рӯзи дигар подшоҳ ба ғулом мефармояд, ки ӯ ба фалон ҷо рафта, аждаҳоеро, ки мардумро ба дод овардааст, несту нобуд кунад.

Ғулом амри подшоҳро қабул мекунад ва худи ҳамон рӯз ба сӯи қароргоҳи аждаҳо роҳ пеш мегирад. Мардуми зиёде низ барои тамошо аз думболи ӯ мераванд. Баробари ба қароргоҳи аждаҳо расидани ғулом ҷанг байни ӯ ва аждаҳо оғоз меёбад: аждаҳо ғуломро ба дами худ мекашад, ғулом бошад, шамшерашро бо ду даст дар ҳолати кӯндаланг дар пешрӯяш гирифта ва сарашро байни дастонаш хам намуда, бо суръати тамоми ба тарафи аждаҳо медавад ва бо ҳамин давидан аз даҳони аждаҳо даромада ва ҷисми онро бо шамшер саропо ду тақсим карда, аз нӯги думаш баромада меравад. Ин дафъа ҳам мавҷи садои аҳсану офаринҳои тамошобинон ба ҳаво мепечад. Сипас ғулом аз пушти аждаҳо як тасма пӯсташро бурида, ба китфаш мепартояду онро ба подшоҳ савғо мебарад. Подшоҳ аз корнамоии ғуломаш ниҳоят мамнун мешавад. Аммо вазир ин дафъа ҳам аз комёбии ғулом ҳасад бурда, ба подшоҳ мегӯяд:

— Ҳазратам! Хурсанд нашавед, ки ғулом як рӯз ба сари шумо балои азиме хоҳад шуд!

пешина
аз 125
навбатӣ