Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Аммо подшоҳ боз ба гапи вазир эътибор намедиҳад. Рӯзи дигар подшоҳ ба ғулом амр мекунад, ки вай рафта, дар фалон ҷо наҳр канда ба заминҳои ташналаб об барорад. Ғулом дар як рӯз наҳрро канда, заминҳоро бо об таъмин менамояд.
Подшоҳ аз ин кор ҳам беҳад шод мегардад. Аммо вазир боз ҳамон гапашро такрор мекунад.
Рӯзи дигар подшоҳ боз ғуломро ба наздаш хоста, мегӯяд:
— Акнун меравию ҳазрати Алиро (а) дар ҳар ҷое, ки бошад, пайдо карда, ба назди ман баста гирифта меорӣ!
Ғулом ин амри подшоҳро ҳам қабул мекунаду сипас мегӯяд:
— Барои ин кор чил шутур занҷир бо гулмеҳу кулфҳояш ва ҳазор нафар паҳлавони зӯровар лозим аст.
Подшоҳ ба ҳамаи оҳангарҳои мамлакаташ фармон медиҳад, ки чил шутур занҷиру гулмеҳу кулф созанд. Ҳамчунин ба ҳазор нафар паҳлавон амр мекунад, ки дар назди подшоҳ шаванд. Оҳангарҳо занҷиру гулмеҳу кулфро омода месозанд. Ҳазор нафар паҳлавони зӯровар низ дар назди подшоҳ ҷамъ мешаванд. Ғулом аз подшоҳ талаб мекунад, ки барои ҳазор нафар паҳлавон ва ҳазор сар асп дар чил шутур хӯроки понздаҳрӯза диҳад. Подшоҳ талаби ғуломро иҷро мекунад. Ҳамаи паҳлавонҳо савора ва худи ғулом пиёда ба ҷустуҷӯи Ҳазрати Алӣ (а) ба роҳ медароянд. Онҳо чанд шабонарӯз роҳ паймуда, ба як дашт мерасанд. Дар ҳамин ҷо ғулом бо овози баланд ба паҳлавонон мегӯяд:
— Эй мардум! Биёед, маро бубандед! Ман Ҳазрати Алӣ мебошам!
Ин гапро шунида, ҳамаи паҳлавонон роҳи гурезро пеш мегиранд. Аммо Ҳазрати Алӣ (а) намегузорад, ки касе аз ҷояш бичунбад. Баъд Ҳазрати Алӣ (а) мебинад, ки ҳеҷ кас ҷуръати бастани ӯро надорад, худаш худашро бо чил шу-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё