Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Тур занҷир мебандад ва ба паҳлавонон мегӯяд, ки акнун ӯро ба назди подшоҳ гирифта баранд. Паҳлавонон Ҳазрати Алиро (а) ба пеш андохта, ба тарафи шаҳр раҳсипор мешаванд. Онҳо ба шаҳр наздик омада, ба подшоҳ хабар мерасонанд, ки ҳамон ғуломи зархаридаш Ҳазрати Алӣ (а) мебошад, ки ӯро баста оварданд. Подшоҳ фармон медиҳад, ки ба шаҳр ҳанӯз надаромада, каллаи Ҳазрати Алӣ (а) аз танаш ҷудо созанд.

Ҳазрати Алӣ (а) мебинад, ки аҳвол бад мешавад. Як наъраи ҳайдарӣ мезанад. Пас аз ин наъра занҷирҳои дар баданаш печондашуда пора-пора мешаванду худи Ҳазрати Алӣ (а) бо одамони дар наздаш буда хайру хуш карда, ба сӯе баромада меравад.

Дорбоз

Дар замони лашкаркашиҳои Ҳазрати Аюб ба Мовароуннаҳр гирдогирди қалъаи Муғ Мӯрчал – хандақи амиқу васеъ мекананд, то аскарони Ҳазрати Алӣ (а) ба қалъа даромада, онро ишғол накунанд. Ҳазрати Алӣ (а) ин ҳолро дида, ба як даста аскаронаш мефармояд, ки шабона душманро дар ғафлат мононда аз ин канори мӯрчал таранг расан бикашанд.

Пагоҳӣ Ҳазрати Алӣ (а) лангар ба даст гирифта, болои расан мебарояд ва пеш давидаву пуштнокӣ ақиб рафтаву хобидаю парида хеста ҳар гуна бозиҳо мекунад. Душманон бозиҳои аҷибу ғариби ӯро дар болои расан тамошо карда дар ҳайрат мемонанд ва бидуни ҷанг таслим мешаванд.

Аз ҳамон вақт ин бозӣ дар байни мардум муравваҷ аст. Бисёр ҷавонони бебоки чолок онро ёд мегиранд, яъне дорбоз мешаванд.

Солҳои пеш дар шаҳри Истаравшан рӯзҳои иди Наврӯз дар миёни паҳное, ки қарибиҳои хандақи атрофи

пешина
аз 125
навбатӣ