Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Қалъаи Муғ воқеъ аст, дор мебастанд. Тамошобини бисёре ҷамъ мешуданд: дар як тараф қатор-қатор мардҳо ва дар тарафи дигар занҳо нишаста, чашм ба дорбоз медӯхтанд. Он қадар бача, духтаракону писаракон ҷамъ меомаданд, ки ҳисобаш набуд. 55 Гумон мекардӣ, ки нисфи мардуми шаҳр ҷамъ шудаанд.

Баъд дорбоз ба даст лангар гирифта, ба болои расан мебаромаду аввал пайкарашро ба пеш хам карда, аз ҳамон баландӣ ба тамошобинон таъзим мекард. Сипас оҳиста, гӯё эҳтиёт карда, ба рӯи расан қадам монда, пеш мерафту якбора меистод ва ба овози баланд шеър мехонд:
Самарқанд сайқали рӯи замин аст, Падараш дар ҷавоби ӯ низ бо овози баланд:
— Бале, писарам! — мегуфт.
Дорбоз:
Истаравшан диёри нозанин аст.
— Бале, писарам! — мегуфт боз падараш.
Дорбоз:
Хуҷанд дар асл тирози ҷаҳон аст,
— Бале, писарам! — овоз медод боз падараш.
Дорбоз:
— Бухоро қуввати ислому дин аст.
— Бале, писарам!
Мардум қарсак мезаданд, шодӣ мекарданд. Баъд дорбоз ду-се бор боло давида рафтаву ақиб омада, Ҳазратӣ Алиро (а) ёд карда мегуфт:
Маро пир аст Алӣ – шери худодӯст, Ки домоди Муҳаммад Мустафо ӯст.
Оре, Ҳазрати Алӣ (а) пири дорбозҳо буд. Дор бошад, як навъ муқаддасот маҳсуб мегардид. Онро зиёрат мекарданд, пояҳояшро мебӯсиданд. Занҳои безурёт ният карда, аз падари дорбозҳо дуо металабиданд.

Зани фарзандталаб дар айни авҷи дорбозӣ аз ҷой хес-

55 Ҳисобаш набуд – бисёр, бешумор.

пешина
аз 125
навбатӣ