Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Зан ба назди пояи дор меомад ва назри овардааш — як миқдор пул ва як даста нони ба рӯймол бастаашро ба дасти падари дорбозҳо дода, муроду мақсадашро мегуфт. Падари дорбозҳо ба боло, ба писаронаш рӯ оварда, мегуфт:
– Писаронам, дуо кунед, ҳамин ҳамшираамон қӯшқор барин писар ёбад.
Писари калонӣ аз болои дор рӯ ба осмон овардаю даст ба дуо боло карда, овоз мебаровард:
– Худоё-худовандо, ба ҳамин ҳамшираамон рӯҳи пири дорбозҳо – Ҳазрати Алӣ (а) мадад кунад, омин!
– Омин! – мегуфт падари дорбозҳо аз поён истода.
– Омин! – ба овози ӯ овози садҳо тамошобинон пайваста, ғулгулае бармехест ва ба гирду атроф танин меандохт.
Саховатмандии Ҳазрати Алӣ (а)
«Замоне Ҳазрати Алӣ (а) баъд аз пирӯзӣ бо куффор ва девон бо қаторе, ки маҳмулаш (бораш) зару ҷавоҳирот буд, равонаи Мадина шуд. Маҳори (инони) қаторро Қамбар – ғуломи он ҳазрат дар даст дошт. Замоне, ки ба дарвозаи шаҳр расиданд, гадои нобиное садо зад: «Садақа диҳед!» Ҳазрати Алӣ (а) ба Қамбар гуфт:
– Барои соил (гадо) нон бидеҳ!
Қамбар гуфт:
– Нон дар дастархон аст.
Гуфт:
– Аз дастархон бидеҳ!
Гуфт:
– Дастархон болои шутур аст.
Гуфт:
– Бо шутур бидеҳ!
Гуфт:
– Шутур дар қатор аст.
Қӯшқор – кӯч, гӯсфанди нар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё