Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Гуфт:
— Бо қатораш бидеҳ!

Дар ин лаҳза Қамбар маҳори шутурро раҳо кард ва худро ба ақиби Ҳазрати Алӣ (а) кашид. Ҳазрати Алӣ (а) хандид ва фармуд:
— Чаро чунин намудӣ ва ақиб рафтӣ?
Қамбар гуфт:
— Тарсидам, агар гӯям: «қатор дар дасти ман аст», маро низ ба он нобино мебахшидӣ».

Ба як савол даҳ ҷавоби гуногун

Замоне ҳазрати Пайғамбар (с) дар робита ба мақоми илмии Ҳазрати Алӣ (а) сухан гуфт. Ин сухан ба душманони он ҳазрат ногувор омад. Иддае ба теъдоди даҳ нафар бо ҳам машварат карданд ва гуфтанд: «Ҳар як ба танҳоӣ меравем ва як саволро матраҳ мекунем, вале посухҳои гуногун мехоҳем. Агар олим бошад, ин посухро хоҳад дод». Онҳо ба назди Ҳазрати Алӣ (а) рафтанд, аввалӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд:
— Илм беҳтар аст, ки мероси анбиёст ва мол мероси Қорун.

Дуюмӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки туро ҳифз мекунад ва ту молро ҳифз мекунӣ.

Сеюмӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки илму олимро ҳама дӯст доранд, молдор душмани зиёд дорад.

Чаҳорумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?

пешина
аз 125
навбатӣ