Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки дар инфифоқ бештар мегардад ва мол кам мегардад.

Панҷумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки олимро ба бузургӣ ёд мекунанд ва молдорро ба бухлу тангчашмӣ муттаҳам мекунанд.

Шашумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки масун (пойдор) аст ва мол дар хатари нобудӣ.

Ҳафтумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки кӯҳна намегардад ва мол кӯҳна ва фарсуда мегардад.

Ҳаштумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки дар ҳаёт ва мамот аст ва мол то дами қабр.

Нӯҳумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки қалбро нуронӣ мекунад ва мол қалбро сиёҳ месозад.

Даҳумӣ пурсид:
— Илм беҳтар аст ё мол?
Гуфтанд:
— Илм беҳтар аст, ки тавозӯъ ва бурдборӣ меоварад ва мол такаббур ва ғурур эҷод мекунад.

пешина
аз 125
навбатӣ