Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Сулаймон ва оби ҳаёт
Мӯйсафедон нақл мекарданд, ки гӯё Худо ба Сулаймони пайғамбар оби ҳаёт фиристодааст, ки хӯрда, умри абадӣ бинад.
Сулаймон ҳамаи деву парӣ, парандаю чаранда ва хазандаю дарандаро ҷамъ карда, маслиҳати онҳоро гирифтанӣ шуда, пурсидааст:
– Худо барои ман оби ҳаёт фиристодааст, агар хӯрам, ҳеҷ вақт намемурам, ҳамин корро кунам ё не? Дар ҳамин масъала фикри шумо чист?
Аз байни парандагон бум баромада пурсидааст:
– Оби ҳаётро бо аҳли байту ёру дӯстонатон мехӯред ё як худатон?
Сулаймони пайғамбар гуфтааст:
– Оби ҳаёт фақат барои ман фиристода шудааст.
Бум гуфтааст:
– Шумо, оби ҳаётро хӯреду абадӣ зинда монед, лекин ҳамаи аҳли байту ёру дӯстонатон муранд, ин гуна ҳаёти бе ёру дӯст ва бӯстони бедӯстон барои кӣ даркор аст?
Ин гапи бум ба Сулаймони пайғамбар маъқул афтодаасту оби ҳаётро ба таги дарахти арча рехтааст, барои ҳамин арча ҳамеша сабзу умраш дароз аст.
Ҷаннат
Ҷаннатро ҷои бисёр ободу зебо мегӯянд. Дар рӯи дунё ягон ҷое набудааст, ки бо ҷаннат баробар бошад. Дар ҷаннат ҳама чиз муҳайё будааст: ҳам анвои гуногуни мева ва ҳам таомҳои мухталифи хуштаъму балаззат. Дар ҷӯйборҳои ҷаннат ба ҷои об шир ҷорӣ будааст. Ба ҷаннат одамони бегуноҳ, шахсоне мерафтаанд, ки дар зиндагиашон ба мардум некӣ карда бошанд, шартҳои мусулмониро ба ҷо оварда бошанд, намоз хонда бошанду рӯза дошта бошанд. Заноне, ки ба сар фаранҷӣ гирифта бошанд, рӯя-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё