Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
шонро ба одамони номаҳрам нишон надода бошанд, аз хона берун набаромада бошанд, ба пояшон мӯза пӯшида бошанд, аз байни ду марди бегонаи дар роҳ рафтаистода нагузашта бошанд, низ ба ҷаннат мерафтаанд.
Дар ҷаннат зимистон ҳам намешудаасту тобистони сӯзон ҳам. Ҳавои ҷаннат ҳамеша фораму дилрабо будааст.
Мегӯянд, ки дар ҷаннат дидан ҳасту хӯрдан не, чунки одамон аз бӯи нозу неъматҳои зиёд сер мешудаанд. Ҳар кас дар ин дунё азоб кашад, дар он дунё ба ҷаннат рафта, роҳат мекардааст.
Ҷаннат ва дӯзах
Худованд дар он дунё барои бандагонаш ҷаннату дӯзах бино кардааст.
Мегӯянд, ки ҷаннат ҷои роҳат асту дӯзах ҷои азобу уқубат. Ҷаннат дар осмони ҳафтум будааст. Вай як боғи бисёр калон будаасту аммо ба чашми кас намоён намешудааст. Дар ҷаннат фаровонию серии пурӣ будааст, ҳар чиро, ки дар ин дунё набудааст, дар ҷаннат пайдо кардан мумкин будааст.
Мегӯянд, ки ҷаннат барои одамони нек аст. Агар инсон дар ин дунё кори савоб карда бошад, Худоро шинохта, дар роҳи ӯ хайру саховатро пеша карда бошад, намозу рӯзаро тарк накарда бошад, ҳаққи мардумро نахӯрда бошад, дуздӣ, одамкушӣ, зино, арақхӯрӣ, дурӯғгӯйӣ, фиребгарӣ ва ба касе хиёнат накарда бошад, ба ҷаннат меравад, барои ин хел одам ҳафт дари ҷаннат ҳамеша кушода мебошанд.
Аммо дӯзах дунёи дигар будааст. Дӯзах оташи сӯзон доштааст. Дар он ҳайвоноти даранда ва мору каждум зиндагӣ мекардаанд. Пули Сирот, ки онро аз қил борику аз шамшер тез мегӯянд, низ дар дӯзах будааст. Одамони гу-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё