Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Ноҳаққор, беимон ва кофирҳо аз Пули Сирот гузашта натавониста, ба даруни дӯзах меафтидаанд ва тӯъмаи шеру гургу мору каждум мешудаанд.
Мегӯянд, ки Худованд одамони бедину бемазҳабро ба дӯзах мефиристодааст.
Хоҷаи Хизр
Хоҷаи Хизр саҳарии барвақт аз хоб мехестаанд ва баъди адои намози бомдод ба кӯча баромада, ба ин тарафу он тараф гаштугузор мекардаанд. То худро худашон нишон надиҳанд, он касро ягон одам дида наметавонистааст. Агар Хоҷаи Хизр ба касе назар кунанд, он кас ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё хуштолеъ мешудааст.
Хоҷаи Хизр бештар ба ашхосе назар мекардаанд, ки онҳо одамони диндор, раҳмдилу баинсоф ва ғамхори ятиму бекасу кӯй ҳастанд. Он кас ба шахсоне, ки аз хоб барвақт хеста, хонаю ҳавлию кӯчаҳошонро рӯфтаю об зада, дегу табақашонро шуста ҷо ба ҷо карда монда бошанд, низ назар мекардаанд. Барои ҳамин ҳам одамони хушёру доно барвақт аз хоб хеста, тамоми чизу чорашонро шустаю тоза карда, дарвозаи хонаашонро кушода мемондаанд.
Хоҷаи Хизр ҷангу ҷанҷолро бисёр бад медидаанд. Бинобар ин дар куҷое ҷангу ҷанҷолу нохушӣ бошад, рӯяшонро ба дигар тараф гардонда, аз он ҷо зуд гузашта мерафтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё