Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

ДАР БОРАИ ПОДШОҲОН ВА САРЛАШКАРОН

Нӯшервони одил

Ҳазрати Нӯшервон барои ин, ки одамонаш ӯро фиреб надиҳанд, дар як тарафи тахти шоҳӣ як зангӯларо насб карда будааст. Ҳар кас, ки ба подшоҳ арзу дод карда бошад, сими зангӯларо аз беруни дарвозаи қаср мечунбонидааст. Ба ин восита подшоҳ он одамро ба ҳузураш қабул карда, арзу додашро мешунидааст.

Як рӯз зангӯлаи подшоҳ дуру дароз занг задааст. Дарвозабонҳо ба подшоҳ хабар додаанд, ки як хари ягери пир худашро ба сими зангӯла молида истодааст. Подшоҳ амр намудааст, ки харро ҳамроҳи соҳибаш ба назди ӯ биёваранд. Аҳволи харро подшоҳ дида, соҳибашро бисёр маломат кардааст.

— Ин ҳайвони бечора, — гуфтааст подшоҳ, — вақте ки дар баданаш зӯру қувват дошт, ба ту даркор буд, гуруснаву ташна шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, кор мефармудӣ, акнун ки аз қувват мондаасту пиру лоғар шудааст, аз дари хонаат бароварда пеш кардӣ? Фикр nakardӣ, ки дар ин ҷиллаи зимистон вай ба куҷо мераваду чӣ мехӯрад? Ҳоло харатро гирифта хона бубару нигоҳубин кун! Агар ин амрро иҷро накунӣ, ҷазои сахт мебинӣ!

Подшоҳ ба одамонаш фармудааст, ки ҳар сари чанд
вақт рафта аз аҳволи хар хабар бигиранд. Онҳо рафта аз

57 Ягер — захмҳое, ки ба асари борҳои гарон ва заҳмати бисёр дар тахтапушти хар ба вуҷуд меояд.

пешина
аз 125
навбатӣ