Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Аҳволи хар хабар гирифтаанд ва дидаанд, ки хар дар хонаи соҳибаш мисли пештара бо хотири ҷамъу дили беғам умр ба сар мебарад.

Мегӯянд, ки агар Нӯшервони одил намешуд, ин махлуқи безабонро чӣ мушкилоту саргардониҳо насиб мегардид.

Ҳазрати Нӯшервон ҳамин хел подшоҳи одилу раҳмдил будааст.

Нӯшервон ва кампир

Дар замони Нӯшервони одил як кампир буд. Вай се бача дошту як гови зард. Як рӯз чӣ шуду гов аз пода наомад. Як рӯз гузашт, ду рӯз гузашт ва се рӯз ҳам гузашт, аммо аз гов дарак нашуд. Кампир доду бедод кард, мӯ кандаю рӯ канда ҳар тараф давид, натиҷа надод. Одамон ба кампир гуфтанд:

– Назди Нӯшервони одил равед, вай подшоҳ аст, ё говатонро ёфта медиҳад ё ягон чиз ёрдам мекунад.

– Мадорам нест, роҳ дур, чӣ хел меравам? – гуфт кампир.

Як одам ба кампир маслиҳат дод, ки:

– Наравед ҳам мешавад, пагоҳ подшоҳ аз ҳамин роҳ ба шикор меравад, пеши роҳашро мегиреду гапатонро мегӯед.

Кампир дар қади роҳ нишаста, подшоҳро мунтазир шуд. Як вақт дид, ки подшоҳ меояд. Вай ба кампир наздик шуда пурсид:

– Ҳа, модар ба кӣ кор доред? Барои чӣ дар роҳ истодаед?

– Шумо раҳгузар бошед, ба роҳатон рафтан гиред, ман ба подшоҳи мамлакат – ба Нӯшервони одил кор дорам, – ҷавоб дод кампир.

– Нӯшервони одил манам, гап занед, – гуфт подшоҳ.

– Ба шумо, – гуфт кампир, – халқ Нӯшервони одил ном

пешина
аз 125
навбатӣ