Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

додааст, лекин шумо Нӯшервони одил нею Нӯшервони золим ҳастед!

Подшоҳ ин гапи кампирро шунида, ба андеша рафту баъд пурсид:

— Чаро ин тавр мегӯед?

— Чунки, — гуфт кампир, — дар давраи салтанати шумо гови яккаю ягонаи маро дузд бурд. Шири вай авқоти се фарзанди ман буд, се рӯз боз онҳо гушнаанд. Агар гов пайдо нашавад, он се бача аз гуруснагӣ мемиранд. Ин золимӣ нест магар? Золимӣ аз ин ҳам зиёд мешавад?

Кампир инро гуфту ҳинг-ҳинг гиря кард.

Баъди ин суханони талху гиряҳои хузновар дили подшоҳ ба кампир сӯхт. Подшоҳ гуфт:

— Шумо хона равед, бегоҳӣ гов дар хонаатон мешавад.

Кампир ба хонааш рафт. Подшоҳ ҳам аз роҳаш баргашт. Вай чанд донишмандро ба наздаш хоста, аз онҳо пурсид:

— Шумо ҳам дасти росту ҳам дасти чапи ман ҳастед, гӯед, ки оё ҳамаи мардуми ин мамлакат аз подшоҳашон розӣ ҳастанд ё не?

Донишмандон ба як овоз гуфтанд:

— Ҷаноби олӣ, аз шумо тамоми халқ розӣ.

— Беҳуда гап задед, — гуфт подшоҳ, — аз ман як кампир норозӣ аст. Мегӯяд, ки вай говашро гум кардааст, се нафар фарзандаш чанд рӯз боз аз шири гов маҳрум будаанд. Мо бошем аз ин кор бехабарем. Акнун ба шумо як рӯз мӯҳлат, агар то бегоҳ гови кампирро пайдо карда, ба хонааш нафиристонед, ҳамаатонро сар мезанам.

Донишмандон аз назди подшоҳ баромада, аз пайи гов шуданд. Онҳо говро аз куҷое пайдо карда, ба соҳибаш супориданд.

Кампир ба назди подшоҳ давида рафта:

— Илоҳӣ, давлататон барқарор бошад, говам ёфт шуд, — гуфт.

пешина
аз 125
навбатӣ