Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Барояш чанд шаҳри вайрона медиҳад. Падари писар мегӯяд, ки то замоне, ки ҳамин Ҳаҷҷоҷ зинда аст, аз шаҳрҳои вайрона чӣ қадар, ки хоҳад, барояш медиҳад.

Баъд аз ин подшоҳ аз баҳри шикор даргузашту аз нимаи роҳ ба ақиб баргашт.

Нақл мекунанд, ки аз ҳамон рӯз сар карда, Ҳаҷҷоҷи золим роҳи адлу инсофро пеш гирифт. Ба вазираш амр кард, то бигӯяд, ки ҳар кас арз дошта бошад ё аз касе хафа шуда бошад ва ё ба ягон кас чизе лозим бошад, ба назди ӯ биёяд. Ба шарофати инояту раҳму шафқати подшоҳ халқ осудаю мамлакат тинчу ором гардид.

Искандари шоҳдор

Дар замонҳои қадим Искандар ном подшоҳе будааст.
Подшоҳи ҳафт иқлим будааст. Одати аҷиб доштааст он подшоҳ: мӯи сарашро рустӣ мегирондасту ҳамон замон фармон медодааст, ки сартарошро нест кунанд. Ҳеҷ кас сирри инро намедонистааст. Чанд вақт гузаштаасту дар мамлакат ягон сартарош намондааст.

Дар ҳамон мамлакат як кампир зиндагӣ мекардааст.
Вай яккаву ягона писар доштааст. Писараш сартарош будааст.

Як бегоҳ дар хона нишаста будааст, ки дарвоза так-так шудааст. Модараш тохта баромада, дарвозаро кушода дидааст, ки дар он ҷо навкарони Искандар истодаанд.
– Кампир, ба писарат гӯй, пагоҳ пеши подшоҳ равад,
— гуфтанд навкарони подшоҳу рафтаанд.

Кампир медонистааст, ки писараш аз назди Искандар саломат барнамегардад. Вай бисёр фикр кардааст, фикр кардаасту баъд говро ҷӯшида, кулчаи башир пухтааст.
Пагоҳӣ ду-сето кулчаро ба писараш дода гуфтааст:
– Қариб-қариби мӯйсари Искандарро тарошида шуданат коре куну як кулчаро аз багалат ба замин ғалтон.
Искандар кулчаро аз замин мегираду як даҳан аз лабаш

пешина
аз 125
навбатӣ