Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

Шикаста мехӯрад. Агар «барои чӣ ширин?» гуфта пурсад гӯй, ки «бо шири модарам пухта шудааст».

Алкисса, сартарошбача ба дарбори подшоҳ рафтааст. Искандар вайро ба як хона гирифта даромадаасту баъд саллаашро гирифта мондааст. Сартарошбача дидааст, ки вай дар сар ду шоҳ дорад, ҳуш аз сараш паридааст.

– Биё, мӯи сарамро тарош! – гуфтааст Искандар.

Сартарошбачаи бечора тарсидаю ларзида мӯйсари Искандарро тарошидааст. Қариб-қариби тарошида шудани гапи модарашро ба хотир оварда, як кулчаро аз багалаш ғалтондааст. Искандар ҳам шуда, «убол нашавад» гуфта, кулчаро аз замин гирифта, бӯса карда, аз як лабаш як даҳон шикаста хӯрдаасту:

– Ин кулча ин қадар ширин?! – гуфта пурсидааст.

– Ин кулча бо шири модарам пухта шудааст, – ҷавоб додааст сартарошбача.

Искандар ин гапро шунида, як қад парида, ҳайрон шуда мондааст. Ширхӯраро куштан гуноҳи азим будааст. Искандар бошад, нонро хӯрда, бо сартарошбача бародари ширхӯра шудааст. Вай ноилоҷ бачаро ҷавоб дода гуфтааст:

– Шоҳдор будани маро ба ҳеҷ кас нагӯй. Ин сирро худо донаду ту!

Бача сиҳату саломат ба хонаашон баргашта омадааст. Ҳамон шаб хобаш набурдааст. Хаёл кардааст, ки торс мекафад. Саҳар хеста, ба лаби кӯл рафтааст. Ин тараф, он тарафро дидааст, ки ҳеҷ кас нест, ба об нигоҳ карда: «Искандар шоҳ дорад, Искандар шоҳ дорад, Искандар шоҳ дорад» гуфтааст.

Ҳамин тавр, вай чизи дидаашро ба об гуфта, дилашро холӣ карда, ба хонаашон омадааст.

Аз байн чанд вақт гузаштаасту як чӯпонбача рамаашро ба лаби кӯл ҳай карда овардааст. Дидааст, ки дар гирдогирди кӯл қамиш сабзидааст. Як қамишро бурда, най

пешина
аз 125
навбатӣ