Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
сохтааст ва ҳангоми навохтани най нохост аз даруни он се карат овози «Искандар шоҳ дорад» баромадааст. Чӯпонбача боз як қамиши дигарро бурида, най сохтааст. Аз ин ҳам се карат ҳамон овоз баромадааст. Чӯпонбача боз як қамиши дигарро бурида най сохтааст. Боз ҳам ҳамон овоз баромадааст.
Рӯзе Искандар ба шикор баромадасту аз назди як рама гузашта истода будааст, ки овозе ба гӯшаш расидааст: «Искандар шоҳ дорад, Искандар шоҳ дорад, Искандар шоҳ дорад». Искандар хашмгин шуда, ба навкаронаш:
— Равед, чӯпонро дошта биёред! — гуфтааст.
Навкарони Искандар рафта, чӯпонбачаро дастгир карда омадаанд.
Искандар ба чӯпонбача:
— Ту дар ҳаққи Искандар чиҳо гуфта истодай? — гуфтааст.
Чӯпонбача гуфтааст:
— Ман не, ана ин най мегӯяд. Ман ин найро аз қамиши лаби кӯл сохтам.
Искандар чӯпонбачаро ба зиндон партофтаасту наяшро сӯхтааст. Баъд ба навкаронаш фармудааст, ки рафта ба қамишзори лаби кӯл оташ зананд. Дере нагузашта, қамиш боз сабз шуда баромадааст. Чӯпони дигар омадаасту аз он боз най сохтааст. Вай найро навохта, деҳа ба деҳа гаштааст. Най бошад, «Искандар шоҳ дорад, Искандар шоҳ дорад, Искандар шоҳ дорад» — гуфта овоз мебаровардааст.
Одамони Искандар ин чӯпонро ҳам дошта, ба зиндон партофта, наяшро сӯхтаанд. Ҳамин тавр, шохдор будани Искандар дар тамоми мамлакат овоза шудааст. Ин гапро писари кампир шунида, «ман гунаҳкор бошаму ҳамин қадар одамони бегуноҳ азоб кашанд» — гуфтаасту ба дарбор ба пеши Искандар омадааст.
— Эй шоҳи олам, — гуфтааст сартарошбача ба Искан-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё