Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Чӣ кор карданамро надониста се шабонарӯз гурусна ва ташна, бо лаби хушку дидаи тар дар кунҷи масҷиди харобе нишастам ва рӯи берун омадан надоштам. Рӯзи чорум сипоҳи гуруснагӣ ба мулки баданам ҳуҷуми сахт намуд ва лашкари сабру токатро шикаст дод. Аз он масҷид баромадам ва ба худ мегуфтам, ки ба куҷо равам ва ба кӣ илтиҷо барам. Ногоҳ хоҳарам ба хотирам расид...

Дарвешон! Аз ман қабеҳтаре бояд набусад. Чаро ки дар айёми собиқ борҳо хоҳарам ба талаби ман кас фиристод, ки ӯро рафта бинам, аммо ман аз канори маъшуқа дур шуда наметавонистам ва нарафта будам. Ҳоло дар чунин вақт равонаи хонаи хоҳар шудам. Хоҳарам саросема берун давида маро ба он ҳол дид ва гиряву зорӣ карда, мӯю рӯйканӣ намуда, маро дар бар кашид, рӯямро бибӯсид, ба хона дароварда таому шароб хӯронида, либоси тоза пӯшонид. Ман чанд шабонарӯз дар он ҷо будам. Шабе он оқила гуфт:

— Бародар! Мардон ҳамеша дар хона нишаста наметавонанд ва инро ҳам медонам, ки ту баъд аз ин дар ин шаҳр наметавонӣ будан ва албатта сафар карданат даркор аст. Якчанд рӯз ба шаҳрҳои дигар бирав ва гарму сарди рӯзгор бичаш ва сахтиву сустиро бидон, баъди аз сафар омаданат ба ягон шуғле машғул шав. Чаро ки эътибори туҷҷор дар сафар аст. Чун сафар карда бошӣ, туро марди кор ва сармоядор ва соҳиби эътибор ангоранд (гумон кунанд) ва ҳоло ҳарзагарду зоерӯзгор шуморанд. Ман сукут ихтиёр кардам. Хоҳарам аз ҷо бархоста як халтаи панҷҳазортуманӣ оварда ба ман дод ва гуфт:

— Бародар, агар мехостам метавонистам беш аз ин ҳам ба ту диҳам, аммо андеша мекунам, ки агар нигоҳ дорӣ ҳамин қадар сармоя бас аст ва агар дар пайи зоеъ кардани мол бошӣ, чиҳил ҳазор тумон ҳам ба ҷое намерасад. Бародар! Шунидам, ки дар ин рӯзҳо ҷамъе аз савдогарҳо ба тарафи Шом сафар карданӣ ҳастанд. Ту ҳам бо ин зар матое харида ба як одами мӯътабар дода, санад бигир, то ки дар Шом ба ту супорад. Худ аз чанд рӯз дар ин ҷо бимон, то ки ҳамдигарро бинем. Баъд аз он ба умри дароз равона шав ва басурнат бирав!

Ман сухани хоҳарамро қабул карда, рӯзи дигар ба харидани матоъ ва супурдани он кӯшидам. То як ҳафта ба ин кор

пешина
аз 191
навбатӣ