Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
захмҳои худро ба ман нишон дод. Дар баданаш ҷои дурусте намонда буд ва дар сараш ҳам захме буд, ки бо вуҷуди ба ҳам омаданаш лимуе дар вай мегунҷид. Бинандагон аз даҳшати он ҳол чашмони худро пӯшонданд. Баъд аз он ки аҳли маҷлис аз он ваҳшат орамиданд, хоҷа гуфт:
– Чун бародарони нодон маро нимҷон дар он биёбон гузоштанд ва рафтанд, ин ҳайвони безабон чун ёрони меҳрубон бо захми фаровон бар сари мани нотавон навҳа ва фиғон мекард. Ман аз бисёрии хуне ки аз захмҳоям рафта буд, ғаш карда будам. Куҷо ақл бовар мекунад, ки касе бо ин захм ҷонбар шавад...
Он биёбони хунхор аз ҷумлаи диёри фаранг буд ва шаҳре аз шаҳрҳои он мамлакат ба он макон наздик буд. Он шаҳр калонтарин шаҳрҳои фаранг буда, буткадаи бузурги фарангиён ҳам дар ин шаҳр буд. Бинобар он подшоҳони мамлакат ҳама боҷгузор ва фармонбардори шоҳи он шаҳр буданд.
Подшоҳи он шаҳр духтаре дошт дар камоли зебоӣ ва ҳусну ҷамол, овозаи ӯ ба тамоми мамлакатҳо паҳн шуда, шоҳон ва шаҳрёрон мафтуни рӯи чун моҳ ва мӯи чун мушк сиёҳи ӯ гардида буданд. Азбаски дар он диёр занон аз мардон намегурезанд, он духтар ҳар рӯз бо нозанинони симинбар дар сайр ва шикор мегашт.
Дар як доманаи он биёбон подшоҳ як боғ доштааст. Дар он рӯзҳо духтар бо рухсати падар ба азми сайру шикори чилрӯза аз шаҳр берун баромада, дар он боғ истиқомат мекард. Дар ҳамон рӯз он офтоби оламафрӯз бо доягон, канизакон ва дугонаҳои худ шикор мебарояд. Иттифоқан он саромади нозанинон бо хеле аз парирӯён асп ронда, бар сари ман мерасад, бо шунидани нолаи саг ба сари ман наздик мешавад ва аҳволи маро мебинад ва зуд аз асп пиёда шуда дар паҳлӯи ман менишинад. Духтари раҳмдил зуд мефармояд, ки ҷарроҳи ҳамешагии рикобиаш пеш ояд. Вақте ки ӯ пеш меояд, духтар мегӯяд, ки:
– Агар ин мазлумро аз ин ҳолат халос кунӣ ва дуруст табобат намой, ман ба ту неъмат ва хилъат медиҳам ва меҳрубонии зиёд мекунам.
Ҳакими ҳозиқ ангушти қабул бар дида мегузорад. Баъд аз ин ба фармони он духтари олиҷаноб маро ба қолинча хобо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё