Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар, ҳанӯз равшан нашуда бародаронам бархостанд ва ба рафтан тайёр шуданд ва маро ҳам чег заданд. Ман ҳам либос пӯшида, ба наздашон баромадам ва асп талабидам. Гуфтанд:

  • Асп чӣ лозим, сайри гулшан пиёда хуб аст.

Ба ҳар ҳол як-ду нафар ғуломро ҳамроҳ гирифта, ба онҳо қалёну қаҳва ва нон бардоронданд ва чанд чӯба тир гирифта ба роҳ даромадем. Дар роҳ бозикунон, тирандозикунон мерафтем. Дар он ҷо ин саг ҳам мувофиқи одаташ ба ман ҳамроҳ буд. Баъд аз андак роҳ рафтан бародаронам яке аз ғуломҳоро бо баҳонае ба корвон фиристоданд. Баъд аз камтар роҳ гаштан ғуломи дуюминро аз паси ӯ фиристоданд. Маро бо забонбозӣ гирифта мебурданд. Аммо ҳарчанд, ки пештар мерафтем, на сабзае дидем ва на ба сарчашмае расидем. То ин ки як фарсах (8 километр) зиёдтар роҳ гаштем. Дар он дам ман тиру камонро монда, ба қазои ҳоҷат нишастам. Азбаски бародаронам ба қасди куштани ман буданд, ҳар ду ҳам дар зери либос теғи пинҳонӣ доштаанд. Онҳо нишастани маро дида ҳар ду ҳам бо шамшери бараҳна ба сари ман тохтанд ва ба ман теғ андохтанд. Ман аз пеш сояи шамшерро дида, ба пас гаштам. Дар ин дам бародари калонам шамшерро ба сарам зад, ки баногушамро бурида гузашт. Ман то ба он ки мегуфтам: «Эй золим, чаро ин тавр мекунӣ?» они дигар ба кифтам як зарба фуровард, ки чаппа шуда афтодам. Ин ду бераҳм ва сангдил ба пушт ва паҳлӯи ман захми бисёр заданд. Дар ин дам саг худро ба болои инҳо мепартояд. Аммо инҳо сагро ҳам захмдор мекунанд. Баъд баъзе ҷои бадани худро хуншор карда давон-давон ба корвон мераванд ва мегӯянд, ки:

  • Дуздҳо ба мо ҳуҷум карданд, зуд гурезед, ки аз паси мо омада истодаанд.

Корвониён ин хабарро шунида кӯч мекунанд. Он дилбари якто азбаски корҳои пештараи бародаронамро шунида буд ва медонист, худро бо ханҷар зада мекушад.

Дарвешон! (Озодбахт мегӯяд). Чун хоҷа воқеаро то ба ин ҷо расонид, дар дили ман бисёр асар кард ва беихтиёр сиришк аз чашмонам бар рухсорам давид. Хоҷа ҳам бетоқат шуда гиребони худро дарид ва сари худро бараҳна карда

пешина
аз 191
навбатӣ