Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

нида хизматгорон ба боғ мебаранд. Ин ҳайвони нотавон ва безабони парешон аз думболи онҳо худро бар замин кашон-кашон ба боғ мерасонад. Дар он боғ ҷарроҳи фарангии доно ба муолиҷаи ман сар мекунад. Пеш аз ҳама бадани маро аз хоку хун пок месозад ва захмҳоро дӯхта марҳам мемолад. Вай бинобар қоидаи фаранг ба гулӯи ман ба оҳистагӣ ба ҷои об – гулоби ноб мерезад ва ба кори ман хеле саъй ва ғайрат нишон медиҳад ва ҳама рӯз он дурри дурҷи сарварӣ ва рашкфармои ҳурӯ пари ду-се бор ба болини мани бемор меояд ва ҷарроҳро ваъдаву воид менамояд, бо дасти худ ба ҳалқи ман шарбат мечаконад ва таассуф мехӯрад, ки оё кадом золим ин зулмро бар ин мазлум карда бошад. То ин ки баъд аз даҳ рӯз мани сиёҳрӯз ба қуввати шарбатҳои мувофиқ аз сари нав зинда шудам, ба ҳуш омада дида кушодам. Ба ҳар тараф нигоҳ карда дар атрофи худ ҷамъи парирӯйенеро дидам, ки дар ҳаққи онҳо шоир гуфта:

Ҳама хуршедталъату моҳрӯ,
Сарвқад, нӯшлаб, камолабрӯ;
Ҳама ороми ҷону қуввати рӯҳ,
Ҳама саршор аз шароби сабӯҳ.

Ва он хуршеди осмони заррапарварӣ сояи лутф бар сарам андохта ва ба болини мани ғамгин такя карда буд...
Ман оҳи дарднок аз миёни ҷон баркашидам ва хостам, ки ҳаракате кунам, аммо дар худ қувват ва тавоноӣ надодам. Он меҳри сипеҳри дилбарӣ, аз рӯи лутф ва заррапарварӣ ба ман ёрӯ мададгор гардид ва аз чигунагии аҳволам пурсид ва дилдории бисёре намуда, гуфт:
— Ҳеҷ ғамгин нашав ва шод бизӣ! Агарчи кадом як золим ба ҳаққи ту чунин зулмро раво дошта, бути бузург маро ба хизмати ту боздошта (фиристод), ту аз марг растӣ ва аз бало ҷастӣ!
Ба шумо чӣ гӯям... дар ҳамон ҳоли парешонӣ маҳви офтоби ҷамоли бокамоли он маликаи мулки хубӣ ташнаву сарриштаи хуш ва хирадам аз каф берун рафт. Гӯё, он нозанини адофаҳм низ он ҳолро пай бурд. Зеро ки:

пешина
аз 191
навбатӣ