Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дилро ба дил раҳест, дар ин гунбази сипеҳр, Аз рӯи кина кинаву аз рӯи меҳр меҳр!

...Баъд аз бист рӯз бо кӯшиши он ҳакими ҳозиқ ҷароҳатҳои ман беҳтар шуданд. Он шоҳзоди шакарлаб ҳар шаб, ҳамин ки мардум ба хоб мерафтанд, яккаву танҳо ба болини мани ҳазин меомад ва менишаст, арақу шароб ба ман медод, шафақату меҳрубонӣ ба ман беш аз пеш мекард. Чун аз ин ҳодиса як моҳ гузашт, захмҳои ман ба куллӣ сиҳат шуданд ва он нозанин мувофиқи ваъдааш ба ҳаким инъоми бисёр дод ва шафақат намуд ва аз ҳамин хурсанд буд, ки бо ёрии ӯ сиҳат шудам. Зеро дар сина хори муҳаббат дошт ва тухми ишқ дар замини дил мекошт. Вақте ки ман аз беморӣ ва нотавонӣ растам, сару танро аз олоиш шустам ва либоси наверо, ки он дилором ба ман дода буд, пӯшидам. Аз ин ҳодиса чандин рӯз нагузашта буд, ки ба шодии ҷамоли он нозанин ва аз кайфияти шаробу таом аз аввала ҳам фарбеҳтар шудам. Ҳамин ки сарам аз нашъаи май саршор мешуд, ба гап даромада, гоҳо густохона суханон ба миён меовардам ва ҳар дам ӯро ба василае машғул месохтам ва қимори ишқ мебохтам...

Менозаму метарсам аз он шӯхи дағал боз, Нақшест, чӣ гӯям: бинишинад, нанишинад.

То он ки як шаб он нӯшлаб ниҳонӣ аз ағёр бо ман нишаста саргузаштамро пурсид. Ман ҳам тамоми саргузашти худро бе каму кост баён кардам. Он ҳама азобҳоеро, ки аз бародаронам дида будам, як ба як нақл намудам. Он нозанин бар аҳволи мани ҳазин бисёр гирист, баъд аз он бо меҳрубонӣ ба ман нигарист ва гуфт:
– Фалонӣ, агар аз дастам ояд, ман ҳамчунон кунам, ки онҳоро фаромӯш кунӣ.
Гуфтам:
– Фидои ту шавам, қурбонат гардам, ман ҳоли худро фаромӯш кардам, илоҳӣ сояи лутфат аз сарам кам нашавад...
Он чӣ мебоист, гуфтам ва аз он гули хандон меҳрубонии аз ҳад зиёда чашм медоштам. То ҳангоми саҳар бо ҳам сӯҳбат кардем.

пешина
аз 191
навбатӣ